07-01-2014

Ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ

Бо мақсади иҷройи банди 7-и Протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 13 декабри соли 2013 дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ таъсис дода шуд.

Рӯзи 06 январи соли 2014 ҷаласаи якуми гуруҳи кории мазкур таҳти роҳбарии Ҷамшед Юсуфиён – муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ гузаронида шуд.

Аъзои гуруҳи корӣ аз Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати адлия, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷаласаи мазкур иштирок намуданд.

Дар ҷаласа самтҳои асосии фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржахои фондӣ муайян ва муҳокима карда шуданд. Қайд карда шуд, ки гуруҳи корӣ бояд ҷанбаҳои мухталифи рушди қоғазҳои қиматнок ва биржахои фондиро дар Тоҷикистон таҳлил намуда, тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати рушди соҳа пешниҳод намояд.

Лозим ба ёдоварист, ки ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ, яке аз бахшҳои муҳиме мебошад, ки метавонад барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва муҳайё гардонидани сармояи озод ба соҳибкорон кӯмак намояд.

Зеро ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок дар замони муосир яке аз роҳҳои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, он, пеш аз ҳама, бо масъалаи фаъол гардонидани муассисаҳои бозори фондӣ, масъалаҳои интишори саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва фуруши онҳо дар бозори фондӣ алоқамандии зич дорад.

Бозори такрории қоғазҳои қиматнок захираҳои молиявиро аз соҳаҳои каммаҳсул ба соҳаҳои нисбатан даромаднок ва афзалиятнок ҷалб ва сафарбар карда, ба ҷобаҷокунии самараноки захираҳои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид