17-01-2014

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Улф Ҳиндстром- Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон

Рӯзи 17-уми январи соли 2014 вохӯрии Завқиҷон Завқиев - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Улф Ҳиндстром- Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар қисмати аввали вохӯрӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ба таври мушаххас дастовардаҳои Шӯроро дар соли 2013 баён намуд. Зикр гардид, ки дар соли 2013 Шӯрои машваратӣ ва Котиботи он корҳои назаррас намуда, ислоҳоти зарурӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат, оид ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенcияи Гаага оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ идома доранд.

Иловатан маълумот дода шуд, ки гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазхои қиматнок ва биржаи фондӣ дар назди Бонки миллӣ ва гуруҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодаанд. Лоиҳаҳои Нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ба вазорату идораҳои мартуба ирсол гардид ва бо дар назардошти фикру пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд шуд.

Ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ислоҳоти мазкурро хуб арзёбӣ намуданд.

Сипас, дар қисмати дуюми вохӯрӣ ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маъулумот дод, ки Бонки мазкур кӯмаки молиявӣ ва техникии худро ба Шӯро ва Котиботи он боз ду соли дигар тамдид менамояд. Роҳбари Котибот барои дастгирии моливӣ ва техникии БАТР, ки ба фаъолияти пурсамари Котибот мусоидат менамояд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар хотимаи вохӯри ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳтаи боз ҳам тақвият доданаи ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба изҳор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид