24-01-2014

Мулоқоти намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо коршиноси масоили иқтисодӣ ва молиявии Котиботи Шӯрои рушди бизнес ва сармояи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз 24 январи соли 2014 вохӯрии намояндаи Котиботи Шӯрои машваратӣ бо коршиноси масоили иқтисодӣ ва молиявии Котиботи Шӯрои рушди бизнес ва сармояи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Рафкат Ҳасанов доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи Котибот оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯро татбиқгардидаистода маълумот дод. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муколамаи давлат ва бахши хусусиро дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба таҷрибаи Тоҷикистон оид ба рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла таъсис ва фаъолияти шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Инчунин ташаккули муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои алоҳида низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкориҳои минбаъда омодагии худро изҳор намуданд.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид