21-01-2014

Мулоқоти намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ»

21 январи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вохӯрии кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо Ҳамроев Комрон - Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» баргузор гардид.

Дар вохӯри масъалаҳои рушди бахши суғурта дар Тоҷикистон аз нигоҳи бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Диққати асосӣ дар раванди муҳокимаи масъалаҳо ба рушди суғуртаи тиббӣ ҳамчун яке аз воситаҳои дастраси аҳолӣ гардонидани хизматрасонии муосири тиббӣ дода шуд. Аз ҷониби Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» - Ҳамроев Комрон пешниҳодҳои муфид оид ба рушди ин намуди суғурта дар мамлакат дода шуд, ки аз ҷониби Котибот мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

Намояндагони Котибот ба иттилои Директории Генералии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» расониданд, ки ислоҳот дар бахши суғурта барои иҷрои банди 4-и Протоколи ҷаласаи XI-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз таърихи 30 апрели соли 2013 оид ба гузаронидани таҳлили зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғура ва пешниҳод намудани натиҷаҳои он бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро оғоз гардидааст. Аз ин рӯ айни ҳол дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва бо дастгирии шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти худро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши суғурта амалӣ гардонида истодааст. Гуруҳи кории мазкур дар натиҷаи фаъолияти худ Ҳисобот ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта таҳия намуда барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод менамояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории тарафайн ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши суғурта омодагии худро изҳор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид