28-01-2014

Вохӯрии намояндагони Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт

27 январи соли 2014 дар ш. Душанбе вохӯрии намояндагони Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи рушди бахши сайёҳӣ дар водии Рашт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи якуми Шӯрои минтақавӣ дар водии Рашт, ки моҳи сентябри соли 2013 доир гардида буд, пешниҳод шуда, тибқи қарори ҷаласаи мазкур айни замон таҳлили рушди бахши сайёҳӣ дар ин водӣ гузаронида шуда истодааст. 

Дар вохӯрии мазкур намояндаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баромад намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати ислоҳоти бахши сайёҳӣ дар доираи Шӯрои машваратӣ ахборот дод ва ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои сайёҳии водии Рашт таклифу пешниҳодҳо намуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид