29-01-2014

Мулоқоти намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони шарикони рушд

Имрӯз, 29 январи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти бисёрҷониба бо шарикони рушд баргузор гардид. Дар мулоқоти бисёрҷониба роҳбарияти ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Бюрои САҲА, Агентии Олмон оид ба њамкорињои байналмилалї дар Тољикистон, Бонки рушди Олмон (KFW), Намояндагии Дафтари њамкорињои Шветсария дар Тољикистон, лоиҳаи рушди манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон ва Бонки рушди Авруосиёӣ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоќот Роњбари Котибот Завқиҷон Завқиев аз шарикони рушд хоҳиш намуд, ки ҷиҳати иљрои сариваќтии супоришњои протоколии љаласаи 12 Шўрои машваратї аз 13 декабри соли 2013 хусусан татбиќи самараноки лоиҳаи Наќшаи чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши сайёҳӣ кумаки зарурии худро расонанд. Диққати махсус ба муайян намудани 4 мавзеи сайёњї дар мамлакат ва ба талаботи муосир мутобиќ намудани онњо, тањияи бастањои мањсулоти раќобатпазири сайёњии мамлакат, соддагардонии расмиёти вуруд ва судури мусофирон дар фурудгоњњои байналмилалии љумњурї, аз љумла харид ва насби таљњизот ва барномаи махсуси муттањида, ки њангоми вуруд ва судури сайёњон онњоро ба ќайд гирифта, ба таври автоматї ба мақомоти сарҳади давлатӣ, мақомоти бақайдгирии сайёҳон, гумрук, муҳоҷират ва омор ахборот паҳн менамояд, равона гардид.

Намояндаи Агентии Олмон оид ба њамкорињои байналмилалї дар Тољикистон ва Бонки рушди Олмон (KFW) изҳор намуданд, ки ташкилотҳои онҳо ба рушди бахши хусусӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла тањия ва тарѓибу ташвиќи бастањои мањсулоти раќобатпазири сайёњии мамлакат, иштироки ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла муаррифии ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Берлин моҳи марти соли ҷорӣ ва қарздиҳӣ ба соҳибкорони соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунанд.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар самти беҳтар намудани хизматрасонии сайёҳҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва семинарҳо барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар хориҷи кишвар кӯмак хоҳанд намуд.

Намояндагии Дафтари њамкорињои Шветсария дар Тољикистон ва Барномаи рушди СММ нақша доранд, ки дар самти муайяннамоии мавзеи асосии сайёҳӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани онҳо, инчунин дар самти таҳияи бренди сайёҳии Тоҷикистон фаъолият намоянд.

Дар хотимаи мулоќот ҷонибҳо омодагии худро љињати иљрои самараноки Наќшаи чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши сайёњї иброз намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид