06-02-2014

Мизи мудаввари солонаи Шӯрои машваратӣ дар мавзӯи «Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ҳамчун омили таъминкунандаи муколамаи кушод байни давлат ва бахши хусусӣ»

6 феврали соли 2014, дар шањри Душанбе аз љониби Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї, мизи мудаввар дар мавзўи «Шўрои машваратии назди Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї – њамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусї» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон, бахши хусусї ва шарикони рушди Тољикистон иштирок намуданд.

Мизи мудавварро мушовири калони иќтисодї, иљрокунандаи вазифаи Роњбари Котиботи Шўрои машваратї Нуъмон Абдуљаборов ифтитоњ намуда, ќайд кард, ки маќсади доир намудани мизи мудаввар љамъбасти дастовардњои Шўрои машваратї дар соли 2013 ва муайян намудани самтњои афзалиятноки фаъолияти Шўро барои соли 2014, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон мебошад.

Сипас, маърўзаи мушовири калони иќтисодї, иљрокунандаи вазифаи Роњбари Котиботи Шўрои машваратї оид ба фаъолияти Шўро дар соли 2013 ва самтњои афзалиятноки фаъолияти Шўро барои соли 2014 ба самъи њозирин расонида шуд. Зикр гардид, ки дар соли њисоботї Шўрои машваратї тањти сарварии Раиси Шўро, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон ду љаласаи худро гузаронид, ки дар онњо як ќатор масъалањои мубрами бењтар намудани фазои сармоягузорї ва рушди соњибкорї мавриди баррасї ќарор гирифтанд.

Ислоњоти татбиќшуда дар самтњои ташаккули шарикии давлат ва бахши хусусї ва таъсиси сохторњои он, аз ќабили Шўро ва Маркази татбиќи лоињањои шарикии давлат ва бахши хусусї, идомаи ислоњоти низоми андозбандї, бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахшњои сайёњї, соддатар намудани љараёни санљиши фаъолияти субъектњои соњибкорї, оѓози ислоњот дар самтњои бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши суѓурта, ташкили бозори такрории ќоѓазњои ќиматнок ва биржањои фондї њамчун дастовардњои назарраси Шўрои машваратї дар соли гузашта муаррифї гардиданд.

Инчунин дар давраи њисоботї дар доираи фаъолияти Шўро, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» дар тањрири нав тањия гардида, таѓйиру иловањо ба Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав ва санадњои меъёрию њуќуќие, ки дар заминаи Кодекси андоз ќабул гардидаанд, ба тасвиб расиданд. Инчунин Фонди дастгирии соњибкорї ва якчанд шўроњои минтаќавї оид ба бењтар намудани фазои сармоягузорї ва соњибкорї дар шањру ноњияњои мамлакат таъсис дода шуданд.

Котиботи Шўрои машваратї дар њамкории зич бо намояндагони бахши хусусї ва шарикони рушд мунтазам номгўи масъалањои афзалиятнокро барои доир намудани ислоњот муайян намуда, вобаста ба њар як масъалаи аз љониби бахши хусусї пешнињодшуда тањлилњои лозимї мегузаронад ва натиљаи онњоро ба баррасии Шўрои машваратї пешнињод мекунад.

Дар хотимаи суханронии худ мушовири калони иќтисодї, иљрокунандаи вазифаи Роњбари Котиботи Шўрои машваратї зикр намуд, ки дар асоси пешнињодњои бахши хусусї масъалањои зерин, аз љумла идомаи ислоњот дар самти бењтар намудани фазои сармоягузорї дар бахши сайёњї; бењтар намудани нишондињандањои Љумњурии Тољикистон дар Њисоботи «Пешбурди соњибкорї»-и Бонки Љањонї; идомаи ислоњоти низоми иљозатдињї ва иљозатномадињї; ташкили рейтинги кредитии соњибихтиёрии Тољикистон; тезонидани раванди шомилшавии Љумњурии Тољикистон ба Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил) оид ба бекор намудани легализатсияи њуљљатњои расмї аз соли 1961; бењтар намудани фазои сармоягузорї ва соњибкорї дар бахши суѓурта; татбиќи ислоњот дар самти ташкили бозори такрории ќоѓазњои ќиматнок ва биржаи фондї њамчун самтњои афзалиятноки Шўрои машваратї дар соли 2014 муайян гардиданд.

Сипас, дар кори мизи мудаввар аз љониби маќомоти давлатї, муовини Раиси Кумитаи давлати сармоягузорї ва идораи амволи давлатииЉумњурии Тољикистон Нигина Абдуллоева, аз номи бахши хусусї, Роњбари Ассотсиатсияи ташкилотњои маблаѓгузории хурди Тољикистон Фарњод Акбаров ва аз номи шарикони рушди Тољикистон Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таљдид ва Рушд Ричард Джонс, Муовини Роњбари намояндагии Иттињоди Аврупо Овидиу Мик ва дигарон баромад намуда, фаъолияти Шўроро дар соли сипаригашта хуб арзёбї намуданд.

Дар интињои мизи мудаввар байни иштирокчиён бањсу мунозирањо сурат гирифта, љињати боз њам бењтар гардонидани фазои сармоягузорї фикру пешнињодоти муфид манзур шуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид