28-02-2014

Вохӯриҳои кормандони Котиботи Шӯро бо намояндагони шарикон

Давоми ҳафтаи равон мулоқоти и.в. Роҳбари Котиботи Шӯро Нуъмон Абдуҷаборов бо Роњбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Кристофер Миллер, директори Лоиҳаи «Захирањои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Берил Осаклӣ ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи мазкур Умида Тулиева доир гардиданд.

Дар вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ масъалаҳои ҳамкориҳои Шӯро ва Котиботи он бо ташкилоти мазкур, аз ҷумла ислоҳоти муҳими дар ҷумҳурӣ гузаронидашуда ва ба инобат гирифтани он дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва ба ин васила баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ин ҳисобот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки то интишори натиҷаҳои омӯзиши навбатии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ роҷеъ ба масълаҳои мазкур гуфтушунидҳо доир намоянд.

Инчунин дар мулоқот масъалаи тезонидани раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гааг оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз соли 1961 баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ бо намояндагони Лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушди Осиёи Марказӣ»-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ масоил ва ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои лоиҳаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ баррасӣ карда шуданд. Аз ҷумла ҷонибҳо ба ташкили муколамаи давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи минтақавӣ ва дар ин замина ташкили муколамаи миллии давлат бо бахши хусусӣ дар Тоҷикистон вобаста ба истифодаи захираҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва зарурати ҳамкориҳоро барои оянда қайд карданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид