02-04-2014

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо роҳбарони ширкатҳои ватании хусусии суғуртавӣ

2-юми апрели соли ҷорӣ дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти бисёрҷонибаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ бо роҳбарони ширкатҳои ватании хусусии суғуртавӣ баргузор гардид. Дар мулоқот роҳбарони ширкатҳои хусусие, ки ҳамчун аъзо дар фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд, ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот масъалаи муаррифӣ намудани натиҷаҳои таҳлили гузаронидашуда дар доираи фаъолияти гурӯҳ корӣ дар ҷаласаи навбатии 13-уми Шӯрои машваратӣ баррасӣ карда шуд. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ёдовар шуданд, ки таҳлили бахши суғурта тибқи супориши протоколии ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30-юми апрели 2013 ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия якҷо бо вазорату идораҳои марбута, бо ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд вогузор гардида буд. Аз ин лиҳоз аъзои гурӯҳи корӣ дар бахши суғурта аз ҷумлаи бахши давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд бояд натиҷаҳои фаъолияти онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаи 13-уми Шӯро пешниҳод намоянд.

Инчунин Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ роҳбарони ширкатҳои хусусии суғуртавиро аз оғози раванди интихоби аъзои нави Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ огоҳ намуда онҳоро, барои пешниҳод намудани номзадии худ барои аъзои Шӯро даъват намуд.

Дар хотимаи мулоқот иштирокчиён барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат омодагии худро изҳор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид