02-04-2014

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо муовини Роҳбари Лоиҳаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон

Рӯзи 2 апрели соли 2014 мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо муовини Роҳбари Лоиҳаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ҳамкорињои байналмилалӣ Зарина Қосимова ва мушовири байналмилалӣ Лариса Капрова доир гардид.

Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Котиботи Шӯро бо Лоиҳаи мазкур, аз ҷумла баланд бардоштани иқтидори бахши хусусӣ, гузаронидани корҳои таҳлилӣ оид ба масъалаҳои рушди фазои сармоягузориву соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ба густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид