03-04-2014

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

Рӯзи 3 апрели соли 2014 вохурии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ Кахир Данани, Зарина Ахамед ва Мавлуда Мавлоназарова барузор шуд.

Н. Абдуҷаборов ҳайати Бонки Ҷаҳониро оид ба ислоҳоти дар доираи Шӯро доирггардидаистода ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии Шӯро шинос намуд.

Дар вохурӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳо, аз ҷумла ҷараёни таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар масоили татбиқи Лоиҳаи мазкурро дар доираи фаъолияти Шӯро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид