03-04-2014

Вохӯрии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Роҳбари Ассосиатсияи “АмЧам”

Рўзи 3 апрели соли 2014 вохӯрии Нуъмон Абдуҷаборов - Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Илҳом Маҳкамбоев - Роҳбари Ассосиатсияи “АмЧам” баргузор гардид.

Вохўрӣ дар фазои солими муҳокимарониҳо ва баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва рушду тақвияти онҳо дар оянда мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Тавре маълум аст Ассосиатсияи “АмЧам” як қатор ширкатҳои ватанӣ ва хориҷиро фаро мегирад. Вобаста ба ин масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Ассосиатсияи “АмЧам” ва аъзои он ва узвияти онҳо ба Шӯрои машваратӣ муҳокима гардиданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои идома додани ҳамкории тарафайн ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ омодагии худро изҳор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид