09-04-2014

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Прездинети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

9 апрели соли 2014 вохурии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ Гари Ҷозеф Раймонд МакМахон ва Мавлуда Мавлоназарова барузор шуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкориҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин татбиқи бандҳои алоҳидаи Лоиҳаи мазкур дар доираи фаъолияти Шӯро муҳокима гардида, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ маълумот дод. Ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои Котиботи Шӯрои машваратиро барои гузаронидани ислоҳот, махсусан ҷараёни таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Пешбурди соҳибкорӣ” –и Бонки Ҷаҳонӣ хӯш пазируфта, ба фаъолияти самараноки Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ин самт баҳои баланд дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар самти мазкур тақвият хоҳанд дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид