29-04-2014

Мулоқоти бисёрҷонибаи намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони бахши хусусии ватанӣ

Имрўз, 29 апрели соли 2014 дар дафтари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тањти сарварии и.в. роњбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуљаборов бо намояндагони бахши хусусї ва ассотсиатсияњои соњибкории љумњурї мулоқоти бисёрҷониба баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ як ќатор мушкилоти рушди соњибкории ватанї дар бахшњои гуногуни иќтисодиёт, аз љумла кишоварзї мубодилаи афкор сурат гирифта, инчунин омодагӣ ба ҷаласаи навбатии 13 Шӯрои машваратӣ мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуд. Ќайд карда шуд, ки мушкилоти мављуда то андозае ба рушди бахши хусусии кишвар монеањо эљод менамоянд.

Бахши хусусии ватанї бекор намудани андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои зањрњои кимиёвї ва нурињои минералї ва қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ, гузаронидани мониторинги замин дар водии Рашт, таъсиси минтаќањои саноатї бо имтиёзот дар минтаќањои наздик ба пойтахти љумњурї, таъсиси механизми самараноки мониторинги иљрои барномањои ќабулгардидаи Шўрои машваратиро аз љумлаи роњи њалли мушкилоти худ медонанд.

Њамчунин дар вохўрї таъсис додани комиссияи махсус љињати санљидани асоснокии маълумоти оморї таъкид карда шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид