02-05-2014

Беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва нишондиҳандаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ» тасдиқ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд таҳия карда шудаанд.

Тибқи пешгӯии коршиносон, интизор меравад, ки татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши туризм саҳми мустақими ин бахшро дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими онро барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз мерасонад.

Бояд қайд намуд, ки баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ барои вусъат пайдо кардани ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат менамояд. Зеро сармоягузорони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар таваҷҷӯҳи хоса доранд. Мақсади асосии татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, дастрас намудани иҷозатҳо, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, ҳимояи сармоягузорон, маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани баъзе монеаҳои сунъӣ ва ғайра ба шумор меравад, ки сари вақт амалӣ намудани онҳо, дар навбати худ нишондиҳандаҳои байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас беҳтар менамояд.           

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид