08-05-2014

Мулоқоти Роҳбарияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбар ва ҳамоҳангсози Барномаи “ Мусоидати давлатии ҳуқуқӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ”-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

Имрӯз, 08 майи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқоти и. в. Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нумон Абдуҷаборов бо Роҳбари Барномаи “Мусоидати давлатии ҳуқуқӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ”-и Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олга Аметистова ва ҳамоҳангсози миллии Барномаи мазкур ҷаноби Абдуразоқ Алимардонов баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба фаъолияти судманди корӣ мубодилаи афкор намуда, афзалиятҳои ҳамкориҳои дутарафаро дар оянда, инчунин масъалаи тамоюлҳои асосии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҳозир мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро баҳри идомаи ҳамкориҳои самаранок изҳор намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид