14-05-2014

Мулоқоти Роҳбарияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Мушовири байналмилалии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

Рӯзи 13 майи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ миёни и. в. Роҳбари Котиботи Шӯро Нумон Абдуҷаборов ва Мушовири байналмилалии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷон Доннелли мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот як қатор масоили вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла таъсиси низоми “Равзанаи ягона” барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

И. в. Роҳбари Котиботи Шӯро оид ба зарурат ва афзалиятҳои таъсиси низоми “Равзанаи ягона” барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ маълумот пешниҳод намуд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкориҳои судманди тарафайн изҳор намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид