13-05-2014

Мулоқоти Роҳбарияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

Рӯзи 13 майи соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ и. в. Роҳбари Котиботи Шӯро Нумон Абдуҷаборов бо намояндагони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Заррина Қосимова – Муовини Роҳбари лоиҳа ва Лариса Капрова - Мушовири байналмилалӣ мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти мазкур и.в. Роҳбари Котиботи Шӯро намояндагонро аз ҷараёни фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратӣ ва ислоҳоти дар доираи Шӯро амалишудаистода, аз ҷумла қабули Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, вобаста ба ҷаласаи навбатии сенздаҳуми Шӯро, ки дар таърихи 30 майи соли равон гузаронида хоҳад шуд, маълумот дода, як қатор масоили ҳамкориҳои дутарафа дар бахши иқтисод ва беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди дутарафаро дар оянда идома хоҳанд дод.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид