30-05-2014

Ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Имрӯз 30 майи соли 2014, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ва аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратӣ аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ: Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон - Шораҳматов Шорауф, Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мадина ва Ҳамкорон» - Додхудоева Набот ва Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» - Ғуломов Акбарро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, соддатар намудани дастрасӣ ба раводид ва бақайдгирии туристон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ гардиданд, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ, устувор гардидани мавқеи байналмилалӣ ва боз ҳам беҳтар шудани симои сармоягузории мамлакат таконе хоҳанд бахшид.

Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи бахши туризм ва иҷрои бандҳои дахлдори протоколи ҷаласаи 12-уми Шӯро вобаста ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти марбута корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла ҷиҳати ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба мусофирон, Одобномаи кормандони фурудгоҳ қабул гардида, корҳо дар самти азнавсозӣ ва модернизатсияи таҷҳизоти хизматрасонии фурудгоҳ идома доранд.

Аз ҷониби Хадамоти гумрук низ Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мақомоти гумрук дар фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат қабул карда шуд.

Инчунин аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ равзанаи алоҳида барои хизматрасонии ширкатҳои туристӣ дар Раёсати консулии Вазорат таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст, ки кори ширкатҳои туристиро хеле осон ва самаранок кардааст.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул гардида, айни замон санадҳои зерқонунӣ вобаста ба татбиқи босамари қонуни мазкур таҳия шуда истодаанд.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ»–Далер Ҷумаев ва узви Шӯро, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо - Шариф Раҳимзода баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷаласаи Шӯро ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ҷиҳати рушди минбаъдаи бахши суғурта ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта пешниҳод карда шуданд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ – Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон гузориш доданд.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим ахборот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллиро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Инчунин дар муҳокима ва баҳсу мунозираҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда аъзои Шӯро, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон - Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Марша Олив, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон– Кристофер Миллер иштирок намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намоед.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид