Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ бо соҳибкорон ва роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ
Дирӯз пайи иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташкил ва гузаронидани мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки қарор аст моҳи октябри соли равон дар ш.Душанбе баргузор гардад, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Н. Абдуҷаборов бо як қатор соҳибкорон ва роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон, ширкатҳои тиҷоратию истеҳсолӣ вохӯриҳои корӣ баргузор намуд.
Дар вохӯриҳо вазъи фаъолияти корхонаҳо, мушкилоти асосии онҳо, роҳҳои бартараф намудани мушкилот, пешниҳодоти соҳибкорон ба мулоқоти дар пешистодаи Сарвари давлат бо соҳибкорону сармоягузорон ва омодагӣ ба ин чорабинии муҳим мавриди муҳокима қарор дода шуданд.