20-06-2014

Мулоқоти кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ бо ҳайати лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

19 июни соли 2014 дар дафтари кории Котиботи Шӯрои машваратӣ мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Н. Абдуҷаборов бо ҳайати лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Қаҳир Данани, Гарри МакМахон, Набишер Ҷураев ва Мавлуда Мавлонназарова баргузор гардид.

Дар вохурӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ ба кормандони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқшаванда, аз ҷумла ислоҳот дар бахши сайёҳӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» - Бонки Ҷаҳонӣ, бахши суғурта ва дигар ислоҳот ахборот дод.

Н. Абдуҷаборов қайд кард, ки нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» - Бонки Ҷаҳонӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ба вазорату сохторҳои марбута ирсол карда шуданд. Аз тарафи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ изҳори умед карда шуд, ки татбиқи нақшаи чорабиниҳои бахши туризм ба рушди бахши сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар вохурӣ ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусиро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши саноати истихроҷ мавриди муҳокима қарор доданд.

Сармутахассиси Бонки Ҷаҳонӣ оид ба саноати истихроҷ Гарри МакМањон иброз дошт, ки Бонки Ҷаҳонӣ метавонад ба фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар дар бахшҳои саноат, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ, ки дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъсис дода шудааст, коршиносони байналхалқиро ҷалб намояд.

Дар охир ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳамкориҳои тарафайн бо Котиботи Шӯрои машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат омодагии худро зоҳир намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид