26-06-2014

Мизи мудаввар оид ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 июни соли 2014, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони созмонҳои соҳибкорӣ, ассосиатсияҳо ва ширкатҳои хусусии бахши туризм иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард ва ба халқи шарифи Тоҷикистон осмони софу рӯзгори осуда орзу намуд.

Аз ҷумла зикр карда шуд, ки мақсади доир намудани мизи мудаввар муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 3 майи 2014 таҳти № 301 тасдиқ карда шудааст, инчунин мубодилаи афкор байни шарикон ҷиҳати татбиқи самараноки он мебошад.

Сипас, дар мизи мудаввар суханони ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Н. Абдуллоева ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Р. Шодиков шунида шуданд.

Ҷиҳати муаррифии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Нуъмон Абдуҷаборов баромад намуда, оид ба таъсис, ҷанбаҳо ва натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷати таҳлилии Модели рушди бахши туризм дар Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии он дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ сухан кард.

Нақшаи чорабиниҳои мазкур як қатор тадбирҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлати Ҳукумати Тоҷикистонро вобаста ба беҳтаргардонии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши туризм, аз ҷумла хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, раводид ва бақайдгирии туристон, иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ барои ширкатҳои туристиву туристон ва омори бахши туризмро дар бар мегирад.

Зикр гардид, ки алакай татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оғоз гардида, як қатор корҳои муҳим анҷом дода шудаанд.

Инчунин дар мизи мудаввар аз ҷониби бахши хусусӣ роҳбари ҶДММ ширкати сайёҳии «Кафолат» - Музаффар Саймуддинов вобаста ба саҳми бахши хусусӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳо баромад намуда, омодагии бахши хусусиро дар татбиқи ислоҳоти бахши туризм изҳор намуд.

Вобаста ба нақши шарикони рушд дар тањия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо Роҳбари Барномаи маблағгузории рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷаноби Рейнхард Войтек баромад намуд.

Баъд аз ин ба ҳозирин филм оид ба туризм дар Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни мизи мудаввар байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳо сурат гирифта, ҷиҳати татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру пешниҳодоти муфид манзур шуданд.

Дар интиҳои мизи мудаввар суханони хотимавии Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – Нуъмон Абдуҷаборов, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Н. Абдуллоева ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Р. Шодиков шунида шудаанд.

Дар суханронии худ онҳо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусиро барои татбиқи самаранок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо баҳри рушди соҳаи туризм ва боз ҳам беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат даъват кардаанд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид