07-07-2014

Тақвияти ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ

Рӯзи 4 июли соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба ислоҳот вобаста ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввари мазкур зиёда аз 20 намояндаи бахши хусусӣ, намояндагони Котиботи Шӯрои машваратӣ, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни кори мизи мудаввар масъалаҳои пурсиш аз ҷониби ҳайати ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” дар соли 2014, ислоҳоти татбиқшаванда ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” мусоидат менамояд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуҷаборов ба иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба ислоҳоти татбиқшуда дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат, фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаи фондӣ, фаъолияти гуруҳи корӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ маълумот дод. Сипас ба иштирокчиён муроҷиат намуда, таъкид кард, ки ҳангоми пур намудани пурсишномаи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” маълумоти заруриву лоизмаро дастрас намуда, онро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандустӣ пешниҳод намоянд.

Махсусан оид ба ислоҳоте, ки ба нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ таъсири мусбӣ мерасонад, инчунин Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар хотимаи мизи мудаввар бахсу мунозира ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён сурат гирифта, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ изҳор намуд, ки Котиботи Шӯрои машваратӣ ҳамеша омода аст, ки бо намояндагони бахши хусусӣ ҳамкориҳои зичро барқарор намуда, пешниҳодҳои онҳоро, ки ба беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат равона шуда бошанд, омӯзанд ва ба баррасии ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ пешниҳод кунад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид