17-07-2014

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ

Дар замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтор, энергетика, саноат, фаъолияти бонкӣ, молия ва кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки ба онҳо аксарияти сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар бахши сайёҳӣ низ имкониятҳо ва иқтидори васеи рушд муайян карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки ҷалби бештари сармоягузориҳо ва рушди соҳибкорӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо назардошти ин, дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои машваратӣ, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати дар моҳи октябри соли 2014 гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, Кумитаи тадорукот таъсис дода, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки тибқи он ҷанбаҳои асосии мулоқот муайян карда шудаанд.

Ҳадафҳои мулоқот:

1. Мусоидат намудан ба ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддати сармоягузорӣ.

2. Мубодилаи афкор бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат.

3. Мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ.

4. Муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ.

Натиҷаҳои пешбинишаванда:

· Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ оид ба масъалаҳо ва имкониятҳои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҳавасмандгардонӣ ва тарғибу ташфиқи ҳисси ватандустӣ дар онҳо барои гузоштани саҳми худ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат;

· Муттаҳид намудани кӯшишҳо баҳри васеъ намудани имкониятҳои иқтисодиву ҳуқуқии соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди рушди сармоягузориву соҳибкорӣ дар кишвар;

· Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар бахшҳои саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар;

· Тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти гузаронидани корҳои таҳлилӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад;

· Бунёди замина барои ҳамгироии минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодии берунии давлатҳо.

Иштирокчиён:

• Соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ;

· Намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

· Намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

· Ҷомеаи шаҳрвандӣ;

· Васоити ахбори омма.

Барнома:

Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ гузаронидани чорабиниҳои зерин пешбинӣ мегардад:

· Рӯзи якум: Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, мубодилаи афкор ва қадрдонии соҳибкорони арзанда.

· Рӯзи дуюм: Доир намудани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ –муҳаррики иқтисодиёт» бо иштироки намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ. Дар форуми мазкур мавзӯъҳои иқтисодӣ, аз қабили сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, молия ва бонкдорӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Мавзӯҳои асосии Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ - муҳаррики иқтисодиёт”:

I. Ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди устувор:

· Рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум: проблемаҳо ва дурнамо.

· Тандурустӣ ва маориф баҳри рушди иқтидори инсонӣ. Таваҷҷуҳ ба рушди малака ва тахассуси соҳибкорӣ, забондонӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар раванди таълим дар макотиби маълумоти миёна ва олӣ.

II. Сармоягузориҳо, инноватсияҳо ва инфрасохтор:

· Имкониятҳои ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ.

· Татбиқи механизми шарики давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт.

· Истифодаи сарчашмаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия барои рушди устувор.

· Таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ.

· Модернизатсия ва рушди инноватсионии бахшҳои саноат. Аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалию саноатӣ.

· Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – роҳҳои инноватсионии рушд.

· Нерӯи зеҳнии ҷавонон омили асосии рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ.

· Туризм – имконияти соҳибкорӣ барои ҳама: рушди туризми экологӣ ва баланд бардоштани саҳми ҷавонон дар он. Имкониятҳои туризми дар ҷамъиятҳои маҳаллӣ асосёфта ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ.

III. Рушди низоми устувори молиявӣ:

· Усулҳои инноватсионии танзими соҳибкорӣ дар мақомоти андоз.

· Ҷорӣ намудани воситаҳои муосири бонкдорӣ баҳри васеъ намудани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои низоми бонкӣ.

· Баланд бардоштани саҳми бахши суғурта дар рушди фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ.

· Бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди сармоягузориҳои дарозмуддат.

· Имкониятҳои истифодаи лизинги молиявӣ.

IV. Рушди тиҷорати беруна ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ:

· Такмили заминаи моддию техникӣ ва иттилоотии мақомоти гумрук тибқи талаботи меёрҳои байналмилалӣ ҳангоми идоракунии хатарҳо.

· Бартараф намудани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкорони хурд ва миёна.

· Муаммоҳои баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои соҳибкории ватанӣ дар шароити шомилавӣ ба СУС.

· Рӯзи сеюм: Баргузории Форуми миллии рушд бо иштироки намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва муаррифии натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ.

Аз ин рӯ, аз соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ хоҳиш карда мешавад, ки пешниҳодҳои худро тавассути нишонии зерин ирсол намоянд.


Суроға барои тамос:

Телефонҳо:                                                 Сомонаҳои интернетӣ:

(992-37) 221 -15-07                                      www.gki.tj

(992 44) 610-60-09;                                      www.investmentcouncil.tj

(992 44) 610-60-04,

Суроғаи электронӣ:

secretariat@investmentcouncil.tj

sohibkor@gki.tj

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид