08-08-2014

Мулоқоти бисёҷониба бо ҷаноби Ричард Ҷонс – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон

Рӯзи 08 августи соли 2014 миёни Шуҳрат Мақсудзода – Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ричард Ҷонс – Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Нигина Абдуллоева – Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуъмон Абдуҷаборов – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқот баргузор гардид.

Дар вохурӣ ҷонибҳо масоили баргузории Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014, дастгирии Бонк Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ҷиҳати дар самти баланд гузаронидани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон иброз дошт, ки гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 чорабиниҳои ниҳоят муҳим мебошанд, ки ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо равона карда шудааст.

Аз ин рӯ, Бонк гузаронидани чорабиниҳои мазкурро дар бахшҳои гуногун ҳаматарафа дастгирӣ хоҳад кард.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид