08-08-2014

Ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон

Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, ичунин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014, ки рӯзҳои 14-15 октябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, Кумитаи тадорук таъсис дода шуда, ҳайати он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид.

Рӯзи 01 августи соли 2014 дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Вазири молия, Вазири саноат ва технологияҳои нав, Вазири кишоварзӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раиси Кумитаи телевизион ва радио, Раиси Бонки миллӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ, муовини Сардори Хадамоти алоқа, Раиси палатаи савдо ва саноат, Сардорони як қатор Раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президент, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот ду масъала дида баромада шуд, аз ҷумла:

1. Шиносоии ҳайати Кумитаи тадорукот.

2. Баррасӣ ва тасдиқи Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014.

Ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукотро Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот, муҳтарам Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳайати Кумитаи тадорукот ошно намуд ва иброз дошт, ки 14-15 октябри соли ҷорӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ аз 30 майи соли ҷорӣ Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва инчунин Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 ва як қатор чорабиниҳои дигар доир мегардад.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Қодири Қосим баромад карда, ба иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи тадорукот Консепсияи Мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе 2014 – ро муаррифӣ намуд.

Дар ҷаласа баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 сурат гирифта, Нақшаи чорабиниҳо бо назардошти фикру андешаҳои иштирокчиён тасдиқ гардид.

Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахдлдор қабул карда шуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид