18-09-2014

Мулоқотҳо бо соҳибкорони манотиқи гуногуни кишвар

Тавре, ки пештар маълумот дода будем, бо дастури Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 14-15 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва Форуми иқтисодию сармоягузории Душанбе – 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ- муҳаррики иқтисодиёт» ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи чорабинии мазкур ва дар ин замина, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқотҳои роҳбарону вазорату идораҳо, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид босоҳибкорон ва сармоягузорони ватанӣ дар назар дошта шудааст.

Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо рӯзҳои 16 сентябри соли 2014 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, 17 сентябр дар ноҳияи Рӯдакӣ, 18 сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гузаронида шуд, фардо 19 сентябр дар ноҳияи Ҳисор бо фарогирии соҳибкорони шаҳрҳои Ҳисор, рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол) ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти мулоқотҳои мазкур баҳсу мунозираҳо, тренингҳо бо соҳибкорон, баррассии мушкилоти ҷойдошта дар назар дошта шуда, инчунин фикру пешниҳодоти соҳиборони манотиқи гуногуни кишвар вобаста ба беҳтар намудани вазъи фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат шунида шунида хоҳад шуд.

Дар натиҷаи вохӯриву мулоқотҳо пешниҳодоти муфассал ба Мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорон омода карда мешавад.

Маълумоти муфассал оид ба натиҷаҳои вохӯриҳо иловатан пешниҳод мегардад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид