17-10-2014

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд

Рӯзи 17 октябри соли 2014 дар дафтари кори Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ миёни Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Н. Абдуҷаборов ва Коршиносони бахши молияи Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Рубен Баррето ва Алия Муҳамедярова мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқоти мазкур Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ баҳри меҳмонон роҷеъ ба ислоҳоти дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ татбиқшуда маълумоти мухтасар манзур намуд.

Сипас мавзӯи Лоиҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузории Бонки Осиёи Рушд мавриди муҳокима қарор гирифта, намояндагони Бонки Осиёии Рушд изҳор намуданд, ки дар татбиқи лоиҳаи мазкур омӯзиш ва фаъолияти пурсамари чандинсолаи Шӯрои машваратӣ зарур мебошад.

Роҳбари Котиботи Шӯро таҳия ва татбиқи Лоиҳаи мазкурро сари вақтӣ номида, омодагии Котиботро барои ҳамкорӣ дар омӯзиш ва татбиқи Лоиҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузории Бонки Осиёии рушд иброз намуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид