Шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага
Бо хушнудӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дирӯз, санаи 29 октябр Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага (Конвенсияи Апостил - оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ) ба тасвиб расонд.
Боиси ёдоварист, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба ин, аз тарафи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Шӯро аз таърихи 30.05.2014 супориш дода шуд, ки то охири нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ расмиёти шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Конвенсия ба анҷом расонида шавад.
Қайд кардан зарур аст, ки то имрӯз 106 давлати ҷаҳон аз ҷумла, аксарияти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил узви Конвенсияи мазкур мебошанд.
Тибқи муқаррароти Конвенсия, ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷии шомилшуда бе расмиёти дохилӣ эътироф карда мешаванд. Инчунин, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои шомили Конвенсия содда ва камхарҷ мегардад.
Ин барои сарфа намудани вақту маблағ ва соддагардонии ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои сармоягузорони хориҷӣ ва соњибкорони ватанӣ ҳангоми сармоягузорӣ ё фаъолияти соҳибкории онҳо, ҳамчунин фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар кӯмак менамояд.
Дар маҷмӯъ, шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага афзалиятҳои зиёд дошта, барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.