17-11-2014

Ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

Имрӯз 17 ноябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа, Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Сума Чакрабарти - Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро, ки дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои машваратӣ ширкат кард, хайрамақдам гуфта, нақши Бонки мазкурро дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ баланд арзёбӣ намуд.

Сипас ҷаноби Сума Чакрабарти - Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баромад намуда, оид ба нақши минбаъдаи Бонк дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи бомароми як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, молия, таҷдиди роҳҳо, тиҷорат ва дастгирии бахши хусусӣ суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодири Қосим оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Қайд карда шуд, ки қарорҳои дар ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта, ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ равона шуда буданд.

Аз ҷумла, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта мукаммал ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида истодааст, ки барои рушди бахши суғурта дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябр Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонд, ки ин барои ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Standard & Poor’s ва Moody’s ҳамкориҳо ба роҳ монда, аз рӯи натиҷаҳои он моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи хулоса ва натиҷаи минбаъдаи корӣ ҷиҳати пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро инчунин намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, Роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шораҳматов Шорауф ва узви Шӯро, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Кристофер Миллер баромад карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи Раиси Шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон - Давлатшо Гулмаҳмадзода дар бораи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон шунида шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон - Абдувалӣ Комилзода баромад намуда, вобаста ба рафти татбиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сохтмон барои солҳои 2012-2014 гузориш дод.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон - Абдуҷаббор Ширинов баромад намуда, ҷиҳати натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва ташкили биржаи фондӣ гузориш дод. Аз ҷумла, дар ҷаласа ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ муаррифӣ карда шуд.

Инчунин ҷиҳати масъалаи мазкур Роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Изатулло Лалбеков баромад намуда, оид ба нақши бахши хусусӣ дар рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ибрози назар кард.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро – Қодири Қосим маълумот дода, барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа суханронии ҷамъбастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, ба масъулин ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида, дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид