Мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 100 намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарон ва намояндагони ассоситатсияҳои соҳавии соҳибкорӣ, як қатор мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ВАО иштирок намуданд.
Чорабиниро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли ҷорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқгардида мебошад.
Сипас дар мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ баромад намуда, зикр кард, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ба шумор меравад.
Бо ин мақсад соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 барои се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардида истодааст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари намояндагии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер баромад намуда, оид ба натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ - 2015”-и Бонки Ҷаҳонӣ бори сеюм ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам шомил гардида, дар он саҳми Котиботи Шӯрои машваратӣ баланд арзёбӣ мешавад. Дар мизи мудаввар ҳамчун нишони эътирофи ислоҳоти назаррас оид ба беҳтар намудани шароити пешбурди соҳибкорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 189 кишвари ҷаҳон бо Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгар аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сазовор гардонида шуд. Ин ҷоиза эътимоди сармоягузорони хориҷиро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам қавитар месозад.
Ҷиҳати натиҷаҳои ислоҳоти соли ҷорӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат татбиқшуда Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷаборов маърӯза намуд.
Дар ин робита ба ҳозирин оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014, натиҷаҳои Форуми иқтисодиву сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони “Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт”, анҷомёбии раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ва натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Инчунин дар муаррифии натиҷаҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла, оид ба натиҷаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва Форуми сармоягузорию соҳибкорӣ Душанбе-2014 таҳти шиори “Соҳибкорӣ –муҳаррики иқтисодиёт” Изатулло Лалбеков, Роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки чорабиниҳои мазкур боиси баланд шудани таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу бурунмарзӣ баҳри сармоягузорӣ дар кишвар гардид. Тавре ӯ зикр намуд, дар натиҷаи мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорон Нақша-чорабиниҳо таҳия ва аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Аз натиҷаи кори форум изҳорот қабул гардида, татбиқи онҳо барои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Фарҳод Акбаров, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар баромади худ вобаста ба саҳми Шӯро дар ҳамкорӣ бо ассосиатсия дар татбиқи ислоҳот ҷиҳати ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Стандард энд Пуарс ва Мудис ҳамкориҳоро ба роҳ монда, моҳи декабри соли ҷорӣ лоиҳаи хулоса ҷиҳати пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.
Вобаста ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок таҳлили ҳамаҷониба гузаронида шуда, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ таҳия гардид.
Баромади Алишер Тураханов, Директори ширкати байналмилалии консалтингию ҳуқуқии AITEN GROUP масъалаҳои марбут ба самараи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро дар бар гирифта, қайд гардид, ки Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябр аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки барои соддаву осон намудани ҳуҷҷатгузории соҳибкорону сармоягузорон дар кишварҳои шомили Конвенсия аҳамияти муҳим дорад. Номбурда оид ба моҳияти ҳуҷҷати мазкур ба иштироккунандагон маълумоти муфассал манзур намуд.
Пас аз баромадҳои мазкур, доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоту идораҳои давлатӣ, воситаҳои ахбори омма дар мулоҳизарониҳо ва саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд.
Дар сухани хотимавӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ оид ба мунтазам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус иқдомот ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт қайд карда, ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва дигар мақомоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин ташаббускориҳои роҳбари давлат саҳми назаррас хоҳанд гузошт ва ба иштироккунандагон дар мизи мудаввар, барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.
Барои маълумоти иловагӣ оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj.