Мулоқоти намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Нимаи дуюми рӯзи 23 декабри соли 2014 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Намояндаи доимии бонк ҷаноби Ричард Ҷонс, кормандони бонк - Собир Алиев, Тахмина Ҳакимова-Риз, Ситора Бобоҷонова ва Шаҳноза Солиева ва аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ кулли ҳайати кормандон ҳузур доштанд.
Намояндаи доимии Бонки Аврупоии таҷдид ва рущд дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс дар бораи фаъолияти пурсамар ва сармоягузориҳои бузурги Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баҳри рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, вобаста ба стратегияи фаъолияти Бонк дар соли 2015, маҷмуи масъалаҳои фаъолияти намояндагӣ дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ба таври муфассал маълумот дода, вусъат бахшидани корҳоро дар ин ҷода мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.
Ҷаноби Ричард Ҷонс вобаста ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ибрози назар намуда, дар ин робита дар қатори даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам эътироф гардидани ҷумҳурии мо ва аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудани Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгарро махсус қайд намуд. Вобаста ба ин, саҳми Котиботи Шӯрои машваратӣ, таҳия ва ба баррасии ҷаласаҳои Шӯро пешниҳод намудани масъалаҳои марбут ба раванди ислоҳотро тазаккур дода, ба фаъолияти Котиботи Шӯро баҳои баланд дод.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд минбаъд низ фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро дар самти таҳким бахшидани муколамаи бахши хусусӣ ва давлатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Н. Абдуҷаборов вобаста ба ислоҳоти соли ҷорӣ татбиқшуда, аз ҷумла масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва суғурта, рушди такрории бозори қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили гурӯҳи корӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани он ҷиҳати баррасӣ ва пайгирии масъалаҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, оғози раванди ташкили гурӯҳи корӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес), дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ, баргузории мизи мудаввар дар таърихи 18 декабри соли 2014 вобаста ба муаррифии ислоҳоти мазкур ба доираи васеи намояндагони бахши хусусии ватанӣ, намояндагони бахши давлатӣ ва намояндагони шарикони рушд ва нақшаҳои фаъолияти Котиботи Шӯро дар соли 2015 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд баҳри дастгирии раванди ислоҳоти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ тавассути фаъолияти Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои пурсамар дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузории мамлакат ва рушди бахши хусусии ватанӣ изҳори итминон намуданд.