09-02-2015

Форуми якуми Рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе Форуми якуми Рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ «Шароит ва маблағгузории рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» бо ташаббуси Агентии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчунин бо шарикии Барномаи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ «Роҳбарӣ, омӯзиш, инноватсия» баргузор мегардад.

Дар оғози кори форум намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷид Юсуфӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдуҷабборов Н. муаррифномаи худро оид ба самтҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ, дастовардҳои Шӯро дар доираи фаъолияти худ, нақши муассири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар раванди ислоҳот, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, нақшаҳои навбатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд манзур намуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин котибони минтақавии шӯроҳои миллии ВМБК, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи водии Рашт, шаҳри Исфара баромад намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ намояндагони Котибот оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Непал муаррифномаҳои худро оид ба таҷриба ва фаъолияти ин сохторҳо пешниҳод намуданд.

Тавре маълум аст, яке аз ҳадафҳои форум ташаккул додани шабакаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҳамчунин тақвият бахшидани нерӯи роҳбарӣ ва сохторӣ ботамоюл ба стратегия дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ иборат мебошад.

Форум кори худро рӯзҳои то 13 феврал идома медиҳад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид