13-02-2015

Масъалаҳои Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Форуми якуми рушди минтақавӣ

Тавре иттилоъ дода шуда буд, Форуми якуми рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-13 феврал дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ва Барномаи «Роҳбарӣ, омӯзиш, инноватсия»-и Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Ҳадафи асосии форум аз ташаккул додани шабакаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, дар ин робита баррасии таҷрибаву малакаи кишварҳои минтақа, ҳамчунин тақвият бахшидани нерӯи пешбурд ва сохторӣ ботамоюл ба стратегия дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ иборат буда, дар он намояндагони Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомот, вазорату идораҳо ва бахши хусусии ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони ҳамкор, сохторҳои масъул оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Непал, Словакия, котиботҳои шӯроҳои минтақавии ҷумҳурӣ оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд.

Дар форум атрофии масъалаҳои зикргардида, инчунин баррасӣ ва омӯзиши фаъолияти кишварҳо оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, роҳҳои амалӣ намудани онҳо, таҳияи дурнамои фаъолияти банақшагирӣ, усулҳои самараноки пайгирӣ (мониторинг)-и раванди ислоҳот дар бахши соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, вусъат бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба тақвияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ мубодилаи афкор ва мулоҳизарониҳои иштирокчиёни форум сурат гирифт.

Дар оғози кори форум намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдуҷабборов Н. муаррифномаи худро оид ба самтҳои фаъолияти Шӯрои машваратӣ, дастовардҳои Шӯро дар доираи фаъолияти худ, нақши муассири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар раванди ислоҳот оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, нақшаҳои навбатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ин раванд манзур намуд.

Сипас, намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, давлати Непал, Словакия муаррифномаҳои худро оид ба таҷриба ва фаъолияти ин сохторҳо оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ин кишварҳо пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ котиботҳои шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар ВМБК, вилоятҳои Суғд, Хатлон, водии Рашт, шаҳри Исфара вобаста ба фаъолияти худ баромад намуданд.

Дар доираи барномаи чорабинӣ рӯзи 12 феврал дар вилояти Хатлон мизи мудаввар оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ доир гардид. Муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабзода ташрифи иштирокчиёни Форуми якуми рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусиро ба вилоят хайрамақдам гуфта, оид ба мунтазам устувор гардидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, рафти ислоҳот ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, тарзу услуби баррасиҳои масъалаҳои бахши соҳибкорӣ, фароҳам будани шароити мусоид барои муколамаи мустақими роҳбарияти вилоят бо бахши хусусӣ ҷиҳати баррасии мушкилотҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ ва бо ин мақсад таъсис ёфтан ва айни замон фаъолият намудани Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ аз корхонаҳои вилоят боздид намуда, бо таҷрибаи амалии фаъолияти соҳибкорӣ ва натиҷаҳои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар мисоли вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён кори Форуми якуми рушди минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусиро, ки нахустин ҳамоиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, самаранок арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки таъсиси шабакаи минтақавии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва тақвият бахшидани он ҳамчун асоси рушди ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ муҳим мебошад. Ҳамзамон, ташкилкунандагони чорабинӣ, иштирокчиёну меҳмонон барои дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани чорабинӣ ва пазироии самимонаи ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид