25-02-2015

Мизи мудаввар дар мавзуи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ”

Имрӯз, бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони як қатор доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарон ва намояндагони ассоситатсияҳои соҳавии соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ВАО иштирок намуданд.

Чорабиниро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуҷаборов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли 2014 дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқгардида мебошад.

Зимни суханронии ифтитоҳии худ муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ зикр кард, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва Кумита ба шумор меравад.

Бо ин мақсад соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 дар се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин бо сухани ифтитоҳӣ Намояндаи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс оид ба натиҷаҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ - 2015”-и Бонки Ҷаҳонӣ бори сеюм ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари олам шомил гардида, дар он саҳми Котиботи Шӯрои машваратӣ баланд арзёбӣ мешавад. Ҳамчун нишони эътирофи ислоҳоти назаррас оид ба беҳтар намудани шароити пешбурди соҳибкорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 189 кишвари ҷаҳон бо Шаҳодатномаи беҳтарин мамлакати ислоҳотгар аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ сазовор гардонида шуд. Ин ҷоиза эътимоди сармоягузорони хориҷиро барои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам қавитар месозад.

Сипас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуҷаборов натиҷаҳои ислоҳотро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Дар ин робита ба ҳозирин оид ба Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014, натиҷаҳои Форуми иқтисодиву сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони “Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт”, натиҷаҳои ҷаласаҳои 13 ва 14-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Қайд гардид, ки Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта аз 31декабри соли 2014 тасдиқ шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, вобаста ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз 5 октябри соли 1961, санаи 29 октябри соли 2014 он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, 20 феврали соли 2015 Номаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур ба Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд супорида шуд.

Дар мизи мудаввар намояндагони бахши хусусӣ Фарҳод Акбаров, Роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Фирдавс Мастулов, Роҳбари ширкати суғуртавии “Меҳнат” Алишер Турахонов, Директори кулли ширкати машваратии «Айтен Групп», Шагарф Мулло Абдол, Роҳбари Ассосиатсияи сайёҳии «ТАТОС» муаррифиҳо ва баромадҳои худро манзур намуданд. Баромадкунандагон вобаста ба аҳмият ва муҳимияти натиҷаҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва суғурта, шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ҷалби сармояхо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, рушди бахши хусусӣ, суханронӣ намуда, саҳми Шӯроро дар ин раванд мусбат арзёбӣ намуданд.

Пас аз пешниҳоди муаррифиҳо, иштироккунандагон мулоҳизаронӣ намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар хотима, изҳори итминон карда шуд, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи ташаббускориҳои роҳбари давлат дар ин самт саҳми назаррас хоҳанд гузошт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид