14-04-2015

Мулоқоти Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо коршиносони «Пешбурди соҳибкорӣ”- Бонки ҷаҳонӣ

Рӯзи 14 апрели соли 2015 дар дафтари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Роҳбари Котибот Нумон Абдуҷаборов бо коршиносон ва таҳлилгарони “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ вобаста ба ислоҳоти дар соли 2014 дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ татбиқшуда, аз ҷумла дар самти беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои пайстшавӣ ба шабакаи таъминоти қувваи барқ ва таъмини иҷроиши қарордод ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд.

Инчунин ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва суғурта, рушди такрории бозори қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ, шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили гурӯҳи корӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани он ҷиҳати баррасӣ ва пайгирии масъалаҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, раванди фаъолияти гурӯҳи корӣ дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес), дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд.

Инчунин дар мулоқот масъалаи пурра ба инобат гирифтани ислоҳоти татбиқшуда бо мақсади беҳсозии нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид