18-06-2015

Ҷаласаи сеюми Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт дар ноҳияи Ҷиргатол доир гардид

15 июни соли љорї таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт – мӯҳтарам Қодири Қосим, ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Раиси Шӯрои машваратӣ - Қодири Қосим қабл аз баррасии масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа аъзои тозаинтихобшудаи Шӯрои машваратиро муаррифӣ намуда, ба онҳо фаъолияти пурсамар ва барори кор орзу намуд.

Дар ҷаласа гузориши котиби Шӯро - Зафар Ҳисориев оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ дар водии Рашт шунида шуд. Қайд карда шуд, ки дар ин самт аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Бобати муҳайё сохтани шароит ҷиҳати бунёди инфрасохтори туристӣ дар водӣ якчанд барномаҳо амалӣ гардида, бобати тарғиби маҳсулоти сайёҳии водӣ ва муаррифии онҳо намоишгоҳҳо ва форуму чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд. Сол то сол афзудани шумораи сайёҳон аз рушди ин соҳа маънидод гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюм узви Шӯро Сайдалӣ Саидраҳмонов ва Юлдош Латифов баромад намуда, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои боғдорӣ, картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар водии Рашт муаррифӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки дар водӣ барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаҳо шароиту имконоти зарурӣ фароҳам буда, қабули як силсила қарору барномаҳои давлатӣ барои рушди кишоварзӣ такон бахшид. Дар минтақа барои ба даст овардани ҳосили фаровону баландсифати меваю сабзавот ва асали хуштаъм, таъмини аҳолӣ бо ин маҳсулотҳо ва содироти он имкониятҳо мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин соҳаи мазкур ба ислоҳоти куллӣ ва фарогир ниёз дорад. Барои рафъи мушкилот ва ҳалли онҳо нақшаи чорабиниҳо ва маҷмуи тадбирҳо таҳия ва пешниҳод гардид.

Роҳбари Барномаи рушди бахши хусусии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Хартвиг Унгетум баромад намуда, оид ба нақши шарикони рушд дар гузаронидани таҳлил ва татбиқи тавсияҳо оид ба рушди бахши кишоварзӣ дар водии Рашт ибрози назар кард.

Роҷеъ ба масъалаи сеюм директори генералии Маркази техникию технологии муосири шаҳри Панҷакент Меъроҷиддин Худойбердиев оид ба фаъолити марказҳои техникию технологии ба инноватсия нигаронидашуда ва нақши он дар рушди истеҳсолоти миллӣ фикру мулоҳизоти хешро баён намуд.

Зикр карда шуд, ки марказҳои мазкур барои фаъолияти босамар ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷалби сармоягузорон ва бештар гардидани корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ заминаи хуберо фароҳам меоварад.

Оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ дар водии Рашт ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Ҷиргатол - Умедхоҷаи Зоир, Раиси ноҳияи Рашт – Қаноатшо Лоиқзода, Раиси ноҳияи Нуробод – Ҳасан Дӯстзода, Раиси ноҳияи Тоҷикобод - Ҳусейн Ализода ва Раиси ноҳияи Тавилдара - Ҳимматшои Ғайрат дар баромадҳои худ оид ба мушкилоти соҳаи кишоварзӣ ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа суханронӣ карда, фикру таклифҳои ҷолибу муфид иброз намуданд.

Нисбат ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯро, директори ҶДММ «Орзу» Диловар Орзуев маълумот дода, масъалаи рушди савдои наздисарҳадӣ миёни ноҳияи Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистонро ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод кард, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Соҳибкорони водӣ дар муҳокимаи тамоми масъалаҳои баррасишуда фаъолона, рушди соҳаи туризм, самтҳои соҳаи кишоварзӣ ва тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт, масъалаи ояндаи ҷаласаи Шуро иштирок намуданд.

Ҳамчунин намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои зикршуда мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби Қодири Қосим - Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида, дастуру тавсияҳо дода шуд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид