27-04-2015

Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса

24 апрели соли 2015 бо даъвати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 20 нафар соҳибкорони Фаронса, 15 нафар намояндагони ширкатҳои Фаронса дар Тоҷикистон, инчунин беш аз 60 нафар соҳибкорони ватанӣ ширкат варзиданд.

Дар ин Анҷуман ҳарду ҷонибро намояндагони давраҳои соҳибкорони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз қабили энергетика, саноат, истихроҷи нафту газ, туризм, нақлиёту алоқа ва фаъолияти бонкӣ муаррифӣ намуданд.

Ба диққати иштирокчиён муаррифнома ва сабти видеоӣ дар мавзуи «Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Соҳибкорони Фаронса бо фазои сармоягузорӣ барои бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маводҳои иттилоотӣ шинос шуданд.

Дар анҷоми Анҷуман вохўрии дуҷониба байни соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар муҳокимаронӣ шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид