19-05-2015

Нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон

Рӯзи 18 майи соли 2015 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар соҳибкорони Олмон, инчунин зиёда аз 100 нафар соҳибкорони ватанӣ ширкат варзиданд.

Мақсади баргузории анҷуман мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар раванди соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Дар кори бизнес-форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва Муовини Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Зилке Клёвер, Директори Кумитаи шарқии Олмон Линдер Райнер, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорони бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии ҳарду кишвар иштирок доштанд.

Пеш аз қисми расмии бизнес-форум ба диққати иштирокчиён муаррифӣ ва сабти видеоӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Инчунин иштирокчиён бо фазои сармоягузорӣ, барои бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маводҳои иттилоотӣ шинос шуданд.

Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, аз ҷониби директори Кумитаи шарқии Олмон Линдер Райнер имкониятҳои сармоягузории Олмон муарифӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Директори генералии КВД “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷониби намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Манучеҳр дар мавзӯи “Стратегияи энергетикии кишвар, зарурияти татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ”, сардори Шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур дар мавзӯи “Муарифии тарҳҳои соҳаи кишоварзӣ” муовини Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо дар бораи имкониятҳои туристӣ ва татбиқи тарҳҳои инфрасохтории соҳа дар кишвар баромад намуданд.

Инчунин дар ҷараёни муҳокимарониҳо як қатор масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

Ҳамчун самара аз кори форум маросими баимзорасии Меморандум байни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва DPU investment GmbH оид ба сохтани маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахт ва байни КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва DPU investment GmbH Олмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ сурат гирифт.

Баъд аз ҷамъбасти қисмати расмии бизнес-форум бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ нишастҳои дуҷониба байни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид