14-10-2015

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор»

Имрӯз, 14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи давлтии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Форум муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, навгониҳое, ки дар фазои сармоягузории мамлакат ба вуҷуд омадаанд, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақими тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, таҳкими ҳамкории дарозмуддат ва банақшагирии фаъолияти муштараки онҳо имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.

Дар Форум намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, дар маҷмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирокчиён, аз ҷумла 350 ширкату сармоягузор аз 35 мамолики олам иштирок намуданд.

Дар Форум ширкатҳои бонуфуз, аз ҷумла Ширкати масъулияташ маҳдуди сармоягузории Чин, Ширкати чиноии энергетикии Си ва Еф си, Ширкати байналмилалии Норинко аз Ҷумҳурии Мардумии Хитой, ширкатҳои «ГазПромНефт» ва «Ширкати маъмурии Mеталлинвест» аз Федератсияи Русия, Ширкати байналмилалии КЕСА, Ширкати «Big Dutchman ва Ширкати «SASSO» аз аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ширкати «Zucami»-и Испания, Ширкати «Каникаван”–и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ширкати «Crown Agents USA» аз ИМА, Ширкати “Бинокор” аз Туркия ва дигарҳо иштирок намуданд.

Форуми байналмилалиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуда, бо суханронии пурмӯҳтаво баромад кард.

Дар маросими ифтитоҳи Форум намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид кишварҳои Осиёи Марказӣ Муаззам Мекан, директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, муовини Роҳбари Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратию молиявии исломии Гуруҳи Бонки Исломии Рушд Ҳани Салем Сонбол, Роҳбари Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Неругоҳи Барқию Обии Сангтуда-1” Павел Лавров, Роҳбари минтақавии ширкати «Кока Кола» дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Осман Каздал, Роҳбари ҶДММ «Корхонаи саноати куҳии Тоҷикистону Хитой» Ян Чжи Сай суханронӣ намуданд.

Пас аз маросими ифтитоҳи расмии Форум иштирокчиёни он аз Намоишгоҳи байналмилаии “Агрофуд”, ки дар доираи таҷлили “Рузи соҳибкор” ташкил шудааст, дидан карданд.

Қобили зикр аст, ки дар арафаи баргузории Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла 8 октябри соли ҷорӣ Мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон, 12 октябр Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-10 октябр Анҷумани байналмиллалии иқтисодии «Иқтидори минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ дар рушди минтақаҳо», аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябр Конфронси минтақвии «Имкониятҳои туристии мамлакат», аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябр Мизи мудаввари «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» ва 8 октябр аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ» доир карда шуданд.

Сипас, кори Форум дар толорҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар бахшҳои алоҳида сурат гирифта, масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар бахши якуми Форум “Ҷалби сармоя - дастовардҳо ва монеаҳо” масъалаҳои зерини сармоягузорӣ баррасӣ карда шуданд:

• Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯ ба сӯи соҳибкорӣ, давлат барои ҳамкорӣ ва шарикӣ, истифодаи афзалиятҳои рақобатпазирӣ;

• Тадбирҳо барои дастгирии соҳибкорону сармоягузорон дар шароити буҳронӣ ;

• Ҳамкориҳои минтақаваӣ – истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ;

• Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳибкориву сармоягузорӣ.

Бахши мазкур таҳти сарварии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода доир гардида, мавзуъҳои пешниҳодшуда ба таври васеъ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин робита, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Роҳбари Департамент оид ба идоракунии давлатӣ, молия ва савдои Бонки Осиёии Рушд Ҳарриет Элизабет Вилкинсон, и.в. директори Маркази байналмилалии Истамбул оид ба рушди бахши хусусӣ Гулчин Салинган, Сардори Департаменти омӯзиш ва инноватсияи Бонки Ҷаҳонӣ Бенҷамин Ҳерзберг, Ноиби Президенти Институти ИстВест, Сафир Мартин Флейшер, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода ва Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод суханронӣ карданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва баҳсу мунозираҳо сурат гирифтанд.

Дар идомаи кори Форум бахши дуюм дар мавзуи «Имкониятҳои сармоягузории бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ” сурат гирифта, дар он мавзуъҳои зерин мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд:

• Имкониятҳои бизнес дар ҳошияи кластерҳои истеҳсолӣ;

• Таҳвили мол ва хизматрасонӣ ба ширкатҳои байналмилилалӣ: имкониятҳо ва талабот, таҷрибаи муваффақи мамлакатҳо;

• Ислоҳот дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ;

• Занҷираи арзиши иловашуда дар тиҷорати аграрӣ (агробизнес);

• Монеаҳои техникӣ ва шароити содироти маҳсулоти кишоварзӣ;

• Роҳҳои баланд бардоштани таъминоти бахши хусусӣ бо неруи энергетикӣ;

• Сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтидорҳои фаъолияткунандаи энергетикӣ;

• Шарикии бахши хусусӣ ва давлат дар инфрасохтори энергетикӣ: таҷрибаи муваффақ.

Бахши мазкур таҳти сарварии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода сурат гирифта, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Роҳбари кластери соҳаи химияи Баварияи Даниел Готшалд, Роҳбари ширкати «Ниссан электроникс инструментейшн»-и Ҷопон Эҳсан Хасламан, Директор оид ба рушди минтақавии ширкати «Сименс» Кирячек Сегей Иванович, Раиси Шурои директорони КВД “ТАЛКО” Шералӣ Кабиров, Роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Иброҳим Усмонзода ва дигарон баромад намуданд.

Ҳамзамон, бахши сеюми Форум таҳти сарварии Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар мавзуи “Бозори хизматрасониҳои молиявӣ. Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” идома ёфта, дар он:

• Масъалаҳои ҷалби сармояи хусусӣ ба маҳсулоти нави молиявӣ;

• Диверсификатсияи хизматрасонии молиявӣ;

• Рушди бозори сармоягузории мустақим дар шароити буҳронӣ;

• Иштирок тариқи ҳиссагузорӣ: роҳҳои баланд бардоштани сармоягузории мустақим ва рушди фондҳои сармоягузорӣ;

• Лизинг барои бизнеси хурду миёна;

• Суѓуртаи хусусӣ ва воситаҳои нави маблаѓгузорӣ баррасӣ карда шуданд.

Иштирокчиёни Форум мавзуҳои марбутаро ҳаматарафа баррасӣ карда, дар муҳокимаи масъалаҳо Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Директори минтақавӣ барои кишварҳои ИДМ ва Аврупои Корпоратсияи Исломии рушди Бонки Исломии Рушд Самир Тагиев, Роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс, Роҳбари Фонди сармоягузории «Ҳуеҷинг»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Гуо Ҷин Ҷонг, директори ширкати суѓуртавии «Бима» Санҷар Ҷабборов, Раиси Раёсати БДА Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҳакимзода Руҳулло Абдуганӣ, Раиси Раёсати ҶСП «Спитамен банк» Петр Фабиан баромад намуданд.

Дар ҳошияи Форум мулоқотҳои дуҷонибаи байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар чорчубаи В2В сурат гирифт, ки дар имконият фароҳам оварда шуд, ки соҳибкорон байни ҳамдигар мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд.

Дар ҷаласаи алоҳидаи чорчубаи B2B таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳо, сармоягузорон ва сохторҳои давлатӣ равона гардиданд. Иштироккунандагон дар ин қисмат барои шиносоӣ ва омӯзиши имкониятҳои ҳамкорӣ, шароит, интизориҳои сармоягузорон ва бахшҳои молиявӣ, инчунин сармоягузорӣ ба тиҷорати миллӣ имконияти фарох пайдо намуданд.

Дар натиҷаи мулоқотҳои самараноки байни соҳибкорону сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар доираи «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе – 2015» ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кластери кимёвии Баварияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар самти омӯзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “NORINCO International Cooperation Ltd.”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хати интиқоли барқ ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ в соф намудани манбаи об дар шаҳри Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Инчунин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN» Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таъсиси корхонаи муштараки суѓуртаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бо Корпоратсияи “Zhong Min Tou” Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҷикистон ёддоштҳои тафоҳумро ба имзо расонд.

Ёддоштҳои Тафоҳумро бо Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой оид ба масъалаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводҳои тарканда дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва бо Вазорати кишоварзии Тосканаи Италия оид ба таъсиси Шурои соҳибкорони Тоҷикистону Италия низ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо Гуруҳи саноатии «Эрон Худрав»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҶДММ «Гуруҳи тавсеаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» оид ба фуруш, хизматрасонии пас аз фуруш ва истеҳсоли навъҳои мошинҳои сабукрав ва боркашонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Ҳамчунин, КВД «Ҷамаст» бо Ширкати «CESA Investment»-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба бунёди корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз он, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии Гуруҳи ширкатҳои «Росгеоперспектива»-и Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологӣ ва мусоидати техникӣ ба мақомоти соҳавӣ, ҶДММ Фароз бо ширкати “Ҷинекс”-и Британияи Кабир оид ба ташкили Биржаи фондии байналмилалӣ, Маркази Тоҷикистону Россия бо “Кубанский модулний дом” ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҷикистон, ҶДММ «Панҷруд» бо Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкорӣ дар самти коркарди сангҳои мармари Кони Панҷруд созишномаҳо ба имзо расониданд.

Лозим ба зикр аст, ки туфайли баимзорасии шартномаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ наздики 400 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гашта, беш аз ҳафт ҳазор мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин бори дигар аз боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт далолат мекунад.

Сипас маросими хотимавии Форум таҳти сарварии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим идома ёфта, дар он роҳбарони бахшҳои алоҳидаи Форум - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба натиҷаҳои баррасии мавзуъҳои бахшҳо гузориш доданд.

Дар хотимаи Форум иштирокчиёни он Изҳороти Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор»-ро қабул намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид