02-11-2015

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2016

Тавре маълум аст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №300 аз 3 майи соли 2014 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ тасдиқ карда шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки ҳамаи ислоҳоти доиршуда ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, Тоҷикистон имсол тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, мавқеи худро 34 зина боло бурд ва аз ҷои 166 ба 132 баромад ва 54,19%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард.

Ин пешравиҳо асосан аз рӯи нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ”, “Дастрасӣ ба қарз”, “Андозбандӣ ” ва “Савдои байналмилалӣ ” ба даст омаданд.

Аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаи “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ ” мамлакат нисбат ба мавқеи 81-уми соли гузашта 24 зина боло баромада, мавқеи 57-умро дар байни 189 мамлакати ҷаҳон ишғол намуд ва 90,26%-и таҷрибаи пешқадамро ба даст овард. Ин комёбӣ дар натиҷаи он ба даст омад, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз моҳи октябри соли 2014 инҷониб дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ (3-5 рӯзи корӣ дар доираи “Равзани ягона”) бо истифода аз барномаи компютерии “Равзанаи ягона” субъектони хоҷагидориро бо рақами суғуртаи иҷтимоӣ таъмин намуда истодааст.

Аз рӯи нишондиҳандаи дастрасӣ ба қарз мавқеи мамлакат нисбат ба мавқеи 118-уми соли гузашта 9 зина боло баромада, мавқеи 109-умро дар байни 189 мамлакати ҷаҳон ишғол намуд ва 40%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард. Болоравии нишондиҳандаи мазкур аз ҳисоби рушди фаъолияти бюроҳои хусусии қарзӣ , аз ҷумла баландшавии намояи пуррагии иттилооти қарзӣ ва васеъ шудани фарогирии аҳолӣ аз тарафи бюроҳои қарзӣ мебошад.

Аз рӯи нишондиҳандаи андозбандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи 178-уми соли гузашта 6 зина боло баромада, дар соли 2016 мавқеи 172-юмро ишғол намуд ва 43,53%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро аз худ намуд. Ин комёбӣ тавассути ихтисор шудани пардохтҳои андозӣ аз 31 ба 28 адад ва ҷорӣ гардидани низоми электронии пешниҳоди эъломияҳои андозӣ дар реҷаи он-лайн ба даст омадааст.

Аз рӯи нишондиҳандаи рушди тиҷорати байналмилалӣ мамлакат нисбат ба 159-ум мавқеи соли гузашта 27 зина боло баромада, мавқеи 132-юмро ишғол намуд ва 57,05%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ноил гардид. Комёбии мазкурро мамлакат тавассути ба инобат гирифта шудани ислоҳоти куллӣ ҷиҳати ҷорӣ гардидани низоми ягонаи иттилоотии автоматонидашудаи мақомоти гумрук, “Равзанаи ягона” барои расмиётҳои содирот, воридот ва транзит, “Истгоҳи ягона” ва ба роҳ мондани низоми электронии барасмиятдароии эъломияҳои гумрукӣ, ки расмиёти тиҷорати берунаи мамлакатро ба қадри назаррас содда гардонид, ноил гардид.

Бояд қайд кард, ки дар баробари боло рафтани мавқеи мамлакат аз рӯи нишондиҳандаҳои болозикр мавқеи мамлакат аз рӯи нишондиҳандаҳои “Гирифтани иҷозат барои сохтмон” ба 2 зина, “Пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти барқ” ба 1 зина, “Бақайдгирии моликият” ба 1 зина ва “Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ ” ба 2 зина паст гардид. Аз рӯи нишондиҳандаҳои “Таъмини иҷроиши қарордод” ва “Ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ ” мавқеи мамлакат бетағйир монд.

Аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаи “Гирифтани иҷозат барои сохтмон” пастшавии мавқеи мамлакат аз ҳисоби зиёд шудани шумораи расмиёт аз 24 то 27, вақти зарурӣ барои гузаштани ин расмиёт аз 228 то 242 соат ва афзоиши хароҷоти расмиёт аз 1,9% то 2,2%-и арзиши сохтмони анбор ба миён омадааст.

Пастшавии мавқеи мамлакат аз рӯи нишондиҳандаи “Пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти барқ” ба 1 зина бо ворид гардидани намояи эътимоднокии таъминоти барқ ва шаффофияти тарифҳо ба ин нишондиҳанда алоқаманд мебошад, ки тибқи он ҷумҳурӣ аз 8 холи имконпазир ягон холро соҳиб намебошад. Ин пеш аз ҳама аз сифати пасти таъминоти барқ ва шумораи зиёди қатъшавӣ дар таъминоти барқ вобаста буда, ба талафоти зиёд дар фаъолияти корхонаҳои соҳибкорӣ , хусусан корхонаҳои истеҳсолӣ оварда мерасонад. Ҳамзамон талафоти бо қатъшавии қувваи барқ расонидашуда аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” ва намояндагони маҳалии он ҷуброн карда намешавад.

Пастшавии нишодиҳандаи “Бақайдгирии моликият” ба 1 зина бо ворид гардидани намояи сифати низоми идоракунии захираҳои замин алоқаманд мебошад, ки тибқи он мамлакат аз 30 холи имконпазир 7,5 холро соҳиб мебошад. Аз рӯи нишондиҳандаи мазкур дар ҳисобот 6 расмиёте, ки дар давоми 37 рӯз ва бо хароҷоти расмии 3,4%-и арзиши моликият анҷом дода мешавад, ба қайд гирифта шудааст. Дар сатҳи минтақавӣ бошад нишондиҳандаи мазкур аз 5,4 расмиёти дар давоми 22 рӯз, бо хароҷоти 2,6%-и арзиши моликият анҷомдодашаванда ва 19,4 хол тибқи намояи сифати низоми идоракунии захираҳои замин иборат мебошад.

Тибқи нишодиҳандаи “Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ ” мавқеи мамлакат ба 2 зина паст гардида, ҷумҳурӣ аз мавқеи 29-ум ба 27-ум поён фаромад. Ба ин нигоҳ накарда мавқеи мамлакат ҳоло ҳам аз сатҳи миёнаи минтақавӣ (13) баланд мебошад. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид