24-11-2015

Раванди таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2014 татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ гардида, он то октябри соли 2017 идома хоҳад ёфт. Дар доираи он, амалӣ намудани Барномаи мулоқоти Шурои машваратӣ оид ба бехтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар мавзуи «Таҳкими рушди институтсионалии платформаҳои ҷамъиятии мавҷуда ва рушдёбандаи Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал» дар назар дошта шудааст.

Ҷиҳати татбиқи масъалаҳои зикршуда дар ҳайати кории лоиҳа-намояндагони Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон аз 29 октябр то 19 ноябри соли 2015 дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор ва Темурмалик мулоқотҳо баргузор гардид.

Вобаста ба ин, дар доираи банди 8, Протоколи ҷаласаи 14-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), ки тибқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис додани шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо вазифадор карда шудаанд, мақсади асосии мулоқотҳоро ташкил намуд.

Дар ин мулоқотҳо ҳайати кориро масъулони бахши Шуроҳои машваратии вилояту ноҳияҳо ҳамроҳӣ намуда, дар рафти кори он намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур, инчунин намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла БР СММ, Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, САҲА, иттиҳодияву ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.

Дар муаррифномаи мулоқотҳо таҳти унвони “Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ” паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Шуро, бахусус таваҷҷуҳи хосса ва иқдоми ташаббускоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Раиси Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошанд, ҳамчунин масъалаҳои ташкил ва раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ, фаъолияти Шуро ва Котиботи Шуро, тартиби баррасӣ, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои самти фаъолият дар Шуро, саҳми Шуро, соҳибкорон, шарикони рушд дар ислоҳотҳои татбиқгардида дар ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дастовардҳои Шуро дар арсаи байналмилалӣ, моҳияти таъсис ва роҳандозии фаъолияти пурсамари Шуроҳои машваратӣ дар шаҳру ноҳияҳо манзур гардид.

Дар аксари мулоқотҳо оид ба муколамаи давлат ва бахши хусусӣ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳияҳоро роҳбарияти он, аз ҷумла Раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода М., муовини Раиси вилояти Суғд Ш. Яъқубӣ , муовинони Раисони шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Ҷиликул, Шаҳритуз, Восеъ ва Фархор намояндагӣ намуданд, ки ин ба раванди муколама бо бахши хусусӣ, пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби соҳибкорон мусоидат намуд.

Ҳамзамон, Раиси ноҳияи Нуробод Дустзода Ҳасан Тағдир ва Раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода М. қабл аз баргузории мулоқот ҳайати кории лоиҳаро ба ҳузур пазируфта, оид ба аҳамияти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкории васеъ бо соҳибкорон, лоиҳаҳои татбиқшуда, ташвиқи ҳамаҷонибаи соҳибкорон барои иштирок дар лоиҳаҳо ва мавҷудияти фазои озоди иштирок дар онҳо ибрози назар намуданд ва омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ҷиҳати таҳкими ин раванд изҳор намуданд.

Дар мулоқотҳои доиргардида намояндагони бахши хусусӣ чунин сохтори муколамаро дар сатҳи минтақавию миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, андешаҳои худро атрофи масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ баён намуданд.

Мулоқоти нахустин 29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар он баромадкунандагон ва намояндагони бахши хусусӣ ташвишовар будани ҳолатҳои бесабаб қатъ намудани интиқоли барқ ва таъсири он ба фаъолияти корхонаҳо, зарари риоя нашудани технологияи обёрикунии заминҳои кишт ба самаранокии ҳосил бинобар норасогии об, бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон, мушкилот дар зиёд намудани коркарди меваву сабзавот қайд карда шуд.

2 ноябр дар шаҳри Панҷакент соҳибкорон оид ба зарурати беҳтар намудани фаъолияти Шурои машваратии шаҳр масъалаҳои марбут ба фаъолияти онҳо, бахусус бахши сайёҳӣ, масъалаҳо ва мушкилоти андоз мулоҳизарониҳо намуданд.

Чунин мулоқот дар шаҳри Исфара 4 ноябр баргузор гардид. Дар мулоқот дар баробари масъалаҳои рӯзнома атрофи масъалаҳои мушкил будани пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ ва талабот ба он, мушкилоти қабули саривақтии ҳисоботҳои оморӣ бинобар зиёд будани шумораи хоҷагиҳои ҳисоботдиҳанда, масъалаҳои коркарди меваву сабзавот, мушкилоти ҷалби мутахассисони дорои малакаи баланди хориҷӣ ба истеҳсолот вобаста ба зарурати истеҳсолӣ, монеаҳо дар сохтмон ва таъсиси муассисаҳои таҳсилоти миёна мулоҳизаҳо баён гардиданд.

10 ноябр дар мулоқот, ки он дар бинои «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, муовини Раиси вилояти Суғд Ш. Яъқубӣ оид ба татбиқи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар вилоят, ҷалби доираи васеи кормандони маъмурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла вакилони мардумӣ, олимон ба раванди муколама ва ҳалли масъалаҳо, саҳми шарикони рушд дар ин раванд, пайгирии раванди баррасии масъалаҳо, имконияти саҳмгузории соҳибкорон дар беҳтар намудани корҳо вобаста ба масъалаҳои системаҳои гармидиҳӣ, канализатсия, обёрикунонӣ, ибрози назар намуд.

Соҳибкорони вилоят таҳким бахшидани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро муҳим арзёбӣ намуда, оид ба зарурати қаблан ба муҳокимаи васеъ гузоштани баррасии қонунҳо, санаду ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ба инобат гирифтани фикру андешаҳои соҳибкорон ҳангоми таҳияи онҳо, омӯзиш ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи соҳибкорон, нақшаҳои фаъолияти худ мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

12 ноябр дар мулоқот бо соҳибкорони водии Рашт, ки он дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод баргузор гардид, иштироккунандагон оид ба шароити куҳсор ва дур аз мавзеъҳои ҳамдигар қарор доштани деҳот дар водӣ ва вобаста ба он мушкил будани ҳисоботсупорӣ ва дарёфти матлаби зарурӣ, мушкилоти масъалаҳои андоз ва андозсупорӣ, коркарди ашёи хоми дар минтақа мавҷудбуда, аз қабили пӯсту пашм, меваҳо ва роҳандозии фурӯши он, зарурати таъсиси шуроҳои рушди соҳибкорӣ дар ҷамоатҳои деҳот андешаҳо ва пешниҳодҳои худро манзур намуданд.

Санаи 13 ноябри соли 2015 дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар бинои Раёсати молияи МИҲД вилояти Хатлон бо намояндагони соҳибкорони вилоят мулоқот дир гардид. Тавре соҳибкорон қайд намуданд, яке аз масъалаҳои муҳим ин бидуни пешниҳоди тавозуни молиявӣ ва чандин маротиба таҷдид ёфтани хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ин робита батаъхиргузории қарзҳои пешини онҳо мебошанд. Қайд шуд, ки дар чунин ҳолат қарзгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан имконнопазир мегардад.

Дар мулоқот, ки рӯзи 16 ноябр дар ноҳияи Ҷиликул баргузор гардид, соҳибкорони ноҳия чунин майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти соҳибкорӣ муҳим ҳисобида, оид ба зарурати омӯзиши таҷрибаи Шуроҳои машварартӣ, дастгирии техникии Шуроҳо, бартараф намудани монеаҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус монеаҳои дорои хусусияти идоравӣ, таъмини дастрасӣ ба қарзгириҳо, мусоидати ҳамаҷониба ба соҳибкорон ҷиҳати васеъгардонии самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифода аз самтҳои ҳунарҳои мардумӣ дар самти коркарди пашм ва партовҳои он, нақшаҳои тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ мулоҳизарониҳо намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар ноҳияи Шаҳритуз чунин мулоқот дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.

Тавре қайд гардид, қаблан таҷрибаи машварати соҳибкорон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия вуҷуд дошта, изҳори хоҳиш карда шуд, ки фаъолияти Шурои машваратӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шавад.

Дар доираи баррасии масъалаҳои марбут ба соҳибкорӣ аз ҷониби иштирокчиён пайгирӣ намудани масъалаҳои додани имтиёзҳо барои як қатор корҳои эҳсонкории монанди сохтани роҳҳо, иншотҳои иҷтимоиву ҷамъиятӣ, додани шаҳодатнома ва нишону рамзҳои соҳибкорӣ, аз байн бурдани монеаҳо ҳангоми интиқоли маҳсулоти минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ибрози назар карда шуд.

Дар мулоқот бо соҳибкорон дар ноҳияи Восеъ, ки 18 ноябр баргузор гардид, соҳибкорони ин ноҳия низ оид ба мушкил будани раванди ҳисоботсупорӣ ва сарфи зиёди вақти соҳибкорон барои ҳисоботсупорӣ, бахусус барои соҳибкорон аз минтақаҳои дурдаст, гарон будани андоз дар бахши кишоварзӣ ва иваз намудани тартиби андозситонӣ бо назардошти аз маҷмуи даромади умумӣ пас аз баҳисобгирии хароҷот ба роҳ мондани он андешаҳои худро баён намуданд.

Дар мулоқот бо соҳибкорон, ки 19 ноябр дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, Раиси ноҳия Гулмаҳмадзода М. оид ба таҷрибаҳои ҷаҳонӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, зарурати таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, таҳкими Шурои машваратии рушди соҳибкории ноҳия ва истифода аз таҷрибаи Шуроҳои машваратии амалкунанда, фаъол будани соҳибкорон дар баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ ва ҳамкории васеъ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омодагии ҳамаҷонибаи мақомоти ноҳия барои дастгирӣ аз иқдому ташаббускориҳои соҳибкорон ибрози назар намуд.

Пас аз баромадҳо ва манзур гардидани муаррифнома, соҳибкорони ноҳия аз баргузор гардидани чунин мулоқотҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳким бахшидани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин оид ба як қатор мушкилот, аз қабили дастрасӣ ба сертификат барои истифодаи замин, дастгирии иқдоми мақомоти ҷумҳуриявӣ аз ташаббуси соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо, аз ҷумла коркарди шир пеш аз ҳама барои муассисаҳои иҷтимоии ноҳия мулоҳизарониҳо намуданд.

Раиси ноҳия Гулмаҳмадзода М. қайд намуд, ки масъалаи рушди ноҳия дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, айни замон амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои барои ноҳия муҳим дар назар дошта шудааст.

Дар маҷмуъ соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо, ҷонибҳои асосии майдони муколамаи давлат ва бахши хусусиро ташкил медиҳанд, мулоқотҳои анҷомдодашуда дар раванди таҳкими ҳамкориҳои судманд ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ пурсамар арзёбӣ намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид