30-11-2015

Ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

Санаи 27 ноябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш шуда буд, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд гуруҳи корӣ таъсис дода, оид ба монеаҳо ва мушкилоти рушди суғурта таҳлилҳои васеъ гузаронида, натиҷаи онро бо бастаи тавсияҳо ба ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро манзур намоянд.

Дар ин асос лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта таҳия гардида, пас аз баррасӣ дар ҷаласаи 13-уми Шӯро аз 30 майи соли 2014, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ №788 аз 31 декабри соли 2014 тасдиқ гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» идомаи мантиқии ин ислоҳот буда, тибқи бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабинии мазкур таҳия карда шудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар лоиҳаи нави Қонун асосан пешниҳодоти бахши хусусӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бо мақсади муосиргардонии бозори сугурта ба инобат гирифта шудааст.

Итминон карда мешавад, ки қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» дар таҳрири нав ба рушди бозори миллии суғурта ва болоравии нақши ширкатҳои хусусии суғурта дар хизматрасониҳои ҳатмии суғуртавӣ мусоидат намояд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид