01-12-2015

Майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии деҳот дар 9 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзуи «Таҳкими рушди институтсионалии платформаҳои ҷамъиятии мавҷуда ва рушдёбандаи Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал» санаи 25 ноябри соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти навбатӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусии ноҳия, Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин созмони байналмилалии БР СММ иштирок намуданд.

Мақсади мулоқот аз баррасии масъала оид ба таъсис додани Шурои машваратии назди Раиси ноҳияи Айнӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, иҷрои банди 8, Протоколи ҷаласаи 14-уми Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), ки тибқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъсис додани шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, иборат буд. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки тибқи банди мазкури протокол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро мебояд барои фаъолияти бомароми ин шуроҳо шароитҳои заруриро фароҳам оваранд.

Бо мақсади шиносоии иштирокчиёни мулоқот бо моҳияти сохтор ва кори Шуро, ҳуқуқу вазифаҳои он, тартиби баррасӣ, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои самти фаъолият дар Шуро, саҳми Шуро, соҳибкорон, дар ислоҳотҳои дарназардошташуда дар ҷумҳурӣ муаррифнома таҳти унвони “Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун воситаи таъминкунандаи муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ” манзур гардид.

Дар мулоқот инчунин оид ба аҳамияти майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, ҳамкории васеъ бо соҳибкорон, ташвиқи ҳамаҷонибаи соҳибкорон барои иштирок дар баррасӣ ва пешниҳоди мавзуъҳои муҳими фаъолияти соҳибкорӣ ва ба он алоқаманд, зарурати омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои озоди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими ин раванд ибрози назар карда шуд.

Намояндагони бахши хусусӣ чунин сохтори муколамаро дар сатҳи минтақавию миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳори итминон намуданд, ки таъсиси Шуро барои мунтазам пайгирӣ намудани масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди он дар ноҳия ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид