25-12-2015

Омӯзиш дар самти таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Тавре иттилоъ дода шуда буд, тибқи банди 8-и Протоколи ҷаласаи 14-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 17 ноябри соли 2014 (№1С/22-7 аз 28.11.2014), мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсис додани Шўроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъоляти бомароми онҳо вазифадор карда шудаанд.

Дар ин робита, Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва дастгирии шарикони рушд чорабиниҳои заруриро ба нақша гирифта, мунтазам амалӣ менамояд.

Аз ҷумла дар ҳамкории Котиботи Шурои машваратӣ бо лоиҳаи Барномаи рушди СММ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати таъсиси шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори институтсионалии шуроҳои амалкунанда дар 9 минтақа ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт, шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Шаҳритуз, Восеъ, Фархор ва Темурмалик ва Айнӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар идомаи ин раванд дар шаҳри Душанбе рузҳои 21- 24 декабри соли ҷорӣ таҳти унвони “Таҳким бахшидани иқтидори кории кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва котибони шуроҳои машваратӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ”омузиш шуруъ гардид. Мақсади асосии омўзиш аз баланд бардоштани таҷриба, донишу малакаи намояндагони бахши хусусӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони котибони Шурои машваратии минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки дар раванди Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва таҳкими он нақши калидӣ доранд, иборат мебошад.

Дар ин омузиш 24 нафар иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, водии Рашт фаро гирифта шуда, онҳо донишу малакаи худро вобаста ба устувор намудани раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, паҳлуҳои назариявию амалии корҳои марбут ба Шуроҳои машваратӣ, таҷрибаи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ такмил мебахшанд. Дар раванди омӯзиш ба иштирокчиён масъалаҳои гузаронидани мониторинг, роҳу усулҳои таҳкими муколамаи бахши давлат ва хусусӣ, раванди афзалиятгузорӣ ва интихоби (филтратсияи) мавзуъҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои шӯро ва ислоҳоти минбаъда, омода намудан ва баргузории ҷаласаҳои шӯроҳо, марҳилаҳои таъсис ва рушди майдони муколама, доир намудани чорабиниҳо вобаста ба тавсеа ва таҳкими майдони муколама, ислоҳот ва татбики он, муайянкунии доираҳои фарогирии ислоҳот, гузаронидани шаклҳои муколама дар сатҳи гуногун омўзонида шуданд.

Ҳамзамон, оид ба самаранок роҳандозӣ намудани воситаҳои робитаҳои ҳамкорӣ дар доираи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, банақшагирии фаъолияти кори Шуроҳои машваратӣ, моҳияти мафҳумҳои зарурӣ дар фаъолияти кории Шуроҳо ва котибони он маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар доираи омўзиш ба таваҷҷуҳи иштирокчиён инчунин муаррифномаҳои котибони Шуроҳои амалкунанда дар сатҳи вилоятӣ (Хатлон), минтақавӣ (водии Рашт) ва маҳаллӣ (шаҳри Исфара) пешниҳод гардид.

Санаи 24 декабр иштирокчиён ба дафтари кории Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ташриф оварда, бо тарзу услуби фаъолият, коргузории он ва масъслаҳои дигар, ки рузҳои омузиш аксаран тариқи назариявӣ маълумот гирифтанд, амалан аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Иштирокчиёни тренинг чунин таҷрибаомўзиро дар фаъолияти худ, тавсеа ва таҳкими минбаъдаи он, боз ҳам бештар густариш додани ингуна робитаҳоро барои самаранокии кори Шуроҳои машваратӣ ва рушди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳи ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Интизор меравад, ки иштирокчиён пас аз бозгашт ба минтақа ва маҳаллахои маскуни худ ҷиҳати фаъол намудани кори шуроҳои машваратӣ дар минтақаҳо ва минбаъд таъсис додани онҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо сахми худро хоҳанд гузошт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид