01-02-2016

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - роҳнамои рушди мамлакат

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мавриди омўзиши кормандон қарор гирифт.

Дар ин нишаст Роҳбари Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзода қайд кард, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини инкишофи мамлакат ва ҳаёти кишварро фаро гирифта, тамоми мақомот, идораву иттиҳодияҳои ҷумҳуриро ба амлӣ намудани нуқтаҳои дар он баёнгардида роҳнамоӣ менамояд.

Тавре қайд гардид, дар Паём фаро гирифта шудани масъалаҳои марбут ба мунтазам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва зиёд шудани ҷойҳои корӣ, афзудани сармоягузориҳо дар кишвар аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, ки таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, тазаккур дода шуд, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ дар Паём ҳадафҳо ва вазифаҳои навбатӣ муайян гардидаанд, ки иҷро намудани онҳо Ватани азизи моро ба сатҳи сифатан нави рушд хоҳанд расонид.

Дар ин робита марҳилаҳои минбаъдаи се ҳадафи стратегии миллӣ - гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани кишвар ва масъалаи таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат тазаккур дода шуд.

Инчунин зикр гардид, ки як қатор масъалаҳои дигари дар Паём дарҷгардида, аз қабили беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ масъалаҳои ба шумор мераванд, ки пайгирӣ ва амалисозии онҳо ба таъмини суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар нишасти мазкур кормандон мулоҳизаҳои худро оид ба муҳимтарин нуқтаҳои марбут ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, мунтазам зиёд шудани ҷойҳои корӣ ва саҳми бахши хусусӣ дар он, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, афзудани эътимоди сармоягузорону соҳибкорон ба ислоҳоти дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат амалишаванда, рушди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун механизми баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо баён доштанд.

Дар хотима қайд карда шуд, ки фароҳам овардани шароити татбиқи масъалаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути идомаи ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва фаъолияти сохторҳои марбута ҷиҳати иҷрои нақшаву тадбирҳои дар ин самт муайяншуда, ҷалби фаъоли бахши хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва шарикони рушд имконпазир буда, вусъат бахшидани корҳо аз ҷониби кормандони Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид