17-02-2016

Мулоқоти Муовини якуми Сарвазир бо соҳибкорони водии Ҳисор

13 феврали соли 2016 шаҳри Турсунзода мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо соҳибкорони шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рудакӣ доир гардид.

Дар мулоқот Муовини якуми Сарвазири мамлакат оид ба сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ сол аз сол рушд ёфта, мулоқоти навбатӣ бо соҳибкорони бонангу номуси шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рудакӣ низ дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат сурат мегирад.

Тавре қайд гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, таҳкими бахши хусусӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди тиҷорат, таҳия ва татбиқи самараноки барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Зикр гардид, ки маҷмуи тадбирҳои андешидашуда барои мунтазам зиёд шудани саҳми соҳибкорон дар иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, аз ҷумла дар соли 2015 ба бахши хусусӣ 78 фоизи пардохтҳои андозро ба буҷети давлатӣ, 65 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ рост омада, 63,8 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро бахши хусусӣ бо ҷои кор таъмин намуд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 653 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, 32 380 адад ва/ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин шумора 7 444 ба шаҳри Ҳисор, 1 854 ба ноҳияи Шаҳринав, 6 637 ба шаҳри Турсунзода ва 9 011 адад ба ноҳияи Рудакӣ рост меояд.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014-ум 12,3 фоиз зиёд мебошад.

Аз ин ҳисоб, ба шаҳри Ҳисор 399 млн. 870 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Шаҳринав 67 млн. 385 ҳазор сомонӣ, шаҳри Турсунзода 152 млн. 263 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Рудакӣ 200 млн. 925 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст.

Ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гардида, ба 21 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд ва соли ҷорӣ дар ин самт 120 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ ба Фонд, бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

Аз маҷмуи лоиҳаҳои Фонд, 6 лоиҳа ба маблағи 7 млн. 80 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Ҳисор, 1 лоиҳа ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Шаҳринав, 6 лоиҳа ба маблағи 2 млн. 800 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Турсунзода ва 2 лоиҳа ба маблағи 1 млн. 60 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Рудакӣ рост меояд.

Дар баромади худ муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба саҳми назарраси соҳибкорон дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва дар ин робита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани 14 октябр ҳамчун Рўзи соҳибкор, баргузории мунтазами мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ибрози назар намуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар давраи буҳронӣ намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони бонангу номуси Ватанамон дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро сидқан дарк намуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазир донишу малака ва имкониятҳои худро дареғ нахоҳанд дошт.

Дар рафти мулоқот соҳибкорони водӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, ҳамчунин Муовини якуми Сарвазири мамлакат ба суолҳои матраҳнамудаи соҳибкорон посухҳои мушаххас доданд.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии “Тоҷикстандарт”, Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигарон иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид