11-03-2016

Ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ густариш меёбанд

Санаи 10 марти соли 2016 ҷаласаи солонаи Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷаласа Раиси Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон оид ба фаъолияти Ассосиатсия дар соли 2015 ва вазифаҳои он барои соли 2016 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар рафти чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шуро, Абдуғаффорзода Нуъмон баромад намуда, оид ба ислоҳотҳои дар доираи Шуро гузаронидашуда, ки ба рушди соҳаи бонкдорӣ ва инфрасохтори молиявӣ мусоидат мекунанд, ибрози андеша намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар доираи фаъолияти Шуро ислоҳоти назаррас дар самтҳои беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои суғурта, рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок гузаронида шуданд, ки татбиқи босамари онҳо барои рушди соҳаи молия ва бонкдорӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.
Котиботи Шурои машваратӣ омодагии худро нисбати минбаъд низ идома додани ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар ин соҳа иброз намуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид