27-05-2016

Ҷаласаи 7-уми майдони минтақавии Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Заминаи ҳуқуқӣ дар бахши истифодабарии қаъри замин»

Санаи 24-25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми майдони минтақавии Муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар мавзуи «Заминаи ҳуқуқӣ дар бахши истифодабарии қаъри замин» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ ҷанбаҳои ҳуқуқии бахши истифодаи қаъри замин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор сурат гирифт

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣиштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта, баргузории чорабинии мазкур, ҳамчунин тавсиаи ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ миёни кишварҳои минтақаро бозгӯи манфиатҳои судманд арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо ташаббусиАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла дар бахши истифодабарии қаъри замин ислоҳоти зарурӣ гузаронида шудаанд ва натиҷаҳои он самарабахш мебошанд.

Зикр гардид, ки ҳамчунин дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ як қатор ислоҳотҳои ҷиддӣ гузаронида шудааст. Дар ҷаласаи XIII Шӯро дар доираи ислоҳот мавзуи бахши саноат ва рушди истеҳсолоти ватанӣ пешниҳод гардида, дар самтҳои саноати хӯрокворӣ, маводи сохтмон, саноати сабук ва саноати кӯҳӣ, аз ҷумла истифодабарии қаъри замин таҳлилҳо гузаронида шуд. Вобаста ба он беш аз 100 тавсия ва дар асоси он Нақшаи чорабинии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия гардид, ки айни замон барои тасдиқ пешниҳод карда шудааст.

Тавре қайд карда шуд, дар Нақшаи чорабинии мазкур масъалаҳои зерини истифодабарии қаъри замин фаро гирифта шудааст:

- таҳкими раванди гузариш ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобот ва муҳосиботи молиявӣ дар корхонаҳои саноатӣ;

- андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба мушаххасгардонии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сохторҳое, ки дар соҳаи истифодабарии қаъри замин машғуланд;

- гузаронидани услуби электронии тендерҳо дар соҳаи истифодабарии қаъри замин;

- андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардониҳои иловагӣ дар раванди баргузории тендерҳо, аз ҷумла нисбат ба сармоягузорони дорои таҷриба ва мавқеи мусбӣ дар ҷумҳурӣ;

- таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои саноат;

- роҳандозии таҷрибаи пешқадами «Ҳамкорӣ бо шарикони асосӣ»;

- соддагардонии раванди таъсисдиҳии артелҳо оид ба истихроҷи захираҳои табиӣ аз рӯи услуби худбиёрӣ ва худфаъолияткунӣ.

Қобили қайд аст, ки бо мақсади амалисозии рушди устувори истифодаи захираҳои табиӣ, фароҳам оварданишароит ва механизми мусоид ҷиҳати ҷалби сармояҳо Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2012-2015 таҳия ва бо қарориҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 қабул гардида буд.

Тавре аз маълумоти расмии омории ҷумҳуриявӣ бармеояд, ҳаҷми ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣдар соҳаи истифодабарии қаъри замин ботадриҷ афзуда, солҳои 2007 – 2015 дар ҷумҳурӣ 765 млн. доллари америкоиро ташкил дода, дар маҷмуъ ҳаҷми умумииҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба соҳаи мазкурсолҳои 2011 – 2015-ум 422 фоиз афзудааст. Айни замон, лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораиқаъри замин ва истифодабарии он» таҳия шудаистодааст.

Баромадкунандагон аз кишварҳои минтақа оид ба масъалаҳои истифодабарии қаъри замин, ислоҳоти заминаҳои меъёри ҳуқуқӣ, таъмини қонунгузории пешқадам дар соҳа бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ташаккули мақсад ва амалинамоии роҳу услуби гуногун ҷиҳати ноил гардидан ба ба он ибрози назар намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ислоҳот ва чорабиниҳои дигар вобаста ба истифодабарии қаъри замин, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар кишварҳои минтақа ва ҳамоҳанг намудани он дар доираи кишварҳои минтақа барои тақвият бахшидани заминаи фаъолияти соҳибкорӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва таҳкими муколамаи давлат ва бахши хусусӣ мусоидат хоҳад кард.

Котиботи Шӯрои машваратии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, телефон- 44 610-60-04, нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj, сомона:www.investmentcouncil.tj

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид