20-07-2016

Иттилоия оид ба Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016»

Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22–юми июли соли 2016 бори нахуст Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016» дар шаҳри бостонии Кулоб мегардад.

Дар кори Форум доираи васеи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои мамлакатҳои дусту шарик, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, сафирон ва намояндагони тиҷоратии як қатор кишварҳо дар маҷмуъ беш аз 200 нафар иштирок хоҳанд кард.

Баргузории кори форум дар се бахш дар назар дошта мешавад.

Бахши 1 таҳти унвони “Имкониятҳои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ. Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи технологияи муосир”, масъалаҳои марбут ба имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тавсеаи содирот ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар ин самт, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ, нақш ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди минбаъдаи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзиро дар бар хоҳад гирифт.

Дар бахши 2 “Иқтидори энергетикӣ ва рушди соҳаи сохтмон дар вилояти Хатлон” нахуст ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ имкониятҳои истеҳсоли неруи энергетикӣ дар вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуда, иштироккунандагон атрофи масъалаҳои сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтидорҳои фаъолияткунандаи энергетикӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтори энергетикӣ ва рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, нархгузорӣ дар сохтмон баромад ва мулоҳизаронӣ хоҳанд намуд.

Мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон дар бахши 3-юм ”Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ. Мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ” муаррифӣ гардида, дар он инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, рушди бахши сайёҳӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар хотима аз тарафи иштирокчиён Изҳороти Форум қабул карда хоҳад шуд.

Дар доираи Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016» шиносоии меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии мазкур бо мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Кӯлоб, боздид аз Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб дар назар дошта шуда, Мақбараи М.А.Ҳамадониро зиёрат хоҳанд кард.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда, ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид